Ташрифи миссияи БОР

14-16 октябри соли 2019 миссияи баррасии Бонки осиёгии рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Ҳадафҳои асосии миссия аз баргузории як қатор вохўриҳо бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири татбиқи лоиҳа ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд ҷиҳати баррасии раванди оғози лоиҳа, аз ҷумла хариди аввалия ва сафарбаркунии мушовирон, мавҷудияти маблағгузории шарикон ва ҷойҳои корӣ барои идоракунии лоиҳа иборат буданд; бо ҷонибҳои ҳавасманд оид ба талабот ва расмиёти дахлдори БОР, аз ҷумла ҳисоботдиҳӣ, харид, шартнома ва пардохтҳо мувофиқа кунанд ва натиҷаҳои аввалини ҳисоботи оғози мушовири татбиқро баррасӣ кунанд ва нақшаи корӣ ва муҳлати лоиҳаро ба мувофиқа расонанд.