Тренингҳо дар мавзўъҳои "Менеҷмент", "Маркетинг", "Этикаи корӣва маъмурӣ" ва "Банақшагирии тиҷорат"

1, 8 ва 15 октябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносӣ тренингҳо дар мавзўъҳои "Менеҷмент", "Маркетинг", "Этикаи корӣва маъмурӣ" ва "Банақшагирии тиҷорат" баргузор шуданд.

Омўзиш дар доираи Нақшаи чорабиниҳои гендерии Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣдар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ), барои нишондиҳандаи 1.8. «Гузаронидани омузиши маъмурӣва идоракунӣбарои кормандони зинаи боло ва миёнаи Агентии обуҳавошиносӣ», ки дар он на камтар аз 25 нафар занони сохибихтисос оид ба корҳои маъмурӣва идоракунӣомода карда мешаванд.

Барои амалӣнамудани ин нишондиҳанда қаблан 3 гурўҳ иборат аз 10 нафар дар ҳар гурўҳ ташкил ва гузаронида шуда буданд. Рўйхати ниҳоии гурўҳи мақсаднок иборат аз 25 нафар барои омўзиш аз ҷониби Раёсати Агентии обуҳавошиносӣмуайян ва тасдиқ карда шудааст.

Омўзиши 25 зан дар доираи барномаи таҳияшудаи омўзишӣгузаронида шуд. Барои омўзиши босифат тренери баландихтисос даъват карда шудааст.

Ҳадафи асосии тренингҳо таъмини баробарии гендерӣдар таълим, омўзиш ва фароҳам овардани имкониятҳои нави даромад ва тақвияти захираҳои инсонии Агентии обуҳавошиносӣбуд.