Усулҳои муосири муаррифии маълумоти обуҳавошиносӣ тариқи ВАО 

Бо мақсади тақвият додани ҳамкориҳо бо Воситаҳои ахбори омма дар самти пешниҳод, муаррифӣ ва ба аҳолӣ расонидани маълумоти обуҳавошиносӣ бо ибтикори Агентии обуҳавошиносӣ дар заминаи татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) 18 декабри соли равон мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он 20 нафар намояндагони Воситаҳои ахбори омма, роҳбарият ва кормандони Агентии обуҳавошиносӣ иштирок намуданд.

Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дўстзода Д. С. мизи мудаварро ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки муаррифии дурусти маълумоти обуҳавошиносӣ тариқи Воситаҳои ахбори омма ба аҳолӣ ва ҷонибҳои ҳавасманд самти афзалиятноки пешниҳоди хизматрасониҳои Агентии обуҳавошиносӣ ба шумор меравад. Аз ин рў бояд маълумотҳои обуҳавошиносӣ бо усули муосир, бо нишон додани сарчашмаи маълумот дарҷ карда шаванд.

Сардори Маркази обуҳавошиносии Агентии обуҳавошиносӣ Ҷ. Байдуллоева усулҳои муосири муаррифии маълумоти обуҳавошиносиро ба намояндагони Воситаҳои ахбори омма муаррифӣ намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки айни замон дар Маркази обуҳавосанҷии Агентӣ барои омода намудани маълумоти обуҳавошиносӣ аз таҷҳизот ва асбобҳои замонавӣ васеъ истифода бурда мешавад. Ба рўзноманигорон тавсия дода шуд, ки дар вақти муаррифии маълумоти обуҳавошиносӣ бояд сарчашмаи маълумот дарҷ карда шавад ва истилоҳоти обуҳавошиносӣ дуруст баён карда шаванд.

Муовини Сардори Маркази обуҳавосанҷӣ П. Саидҷамолова усулҳои муаррифии маълумоти обуҳавошиносиро тариқи ВАО таҳлил намуда, пешниҳод намуд, ки Воситаҳои ахбори омма дар мавриди муаррифии маълумоти обуҳавошиносӣ метавонанд бевосита ба Маркази обуҳавосанҷӣ тамос гирифта, оид ба вазъи обу ҳаво мустақиман маълумот дастрас намоянд.

Дар рафти вохўрӣ ба иштирокчиёни мизи мудаввар филми мустанад оид ба хизматрасониҳои Агентии обуҳавошиносӣ намоиш дода шуд.

Намояндагони Воситаҳои ахбори омма иброз намуданд, ки айни замон бо Агентии обуҳавошиносӣ ҳамкории самаранокро ба роҳ мондаанд ва дар оянда барои истифода аз усулҳои муосири муаррифии маълумоти обуҳавошиносӣ тариқи Воситаҳои ахбори омма аз тавсияҳои пешниҳодгардида истифода менамоянд.