Вохўри бо КВД «Лоиҳакаш»

Вобаста ба тарҳсозии корҳои сохтмонӣ дар Агентии обуҳавошиносӣ якчанд вохўрӣ бо намояндагони КВД «Лоиҳакаш» баргузор гардид, ки дар он масъалаи тарҳи биноҳои асосӣ ва биноҳои ёрирасони Агентии обуҳавошиносӣ муаррифӣ карда шуданд. Вобаста ба тарҳи мазкур аз ҷониби роҳбарият ва гуруҳи кории Агентии обуҳавошиносӣ тавсия ва пешниҳодҳои судманд иброз гардиданд. Ба КВД «Лоиҳакаш» тавсия дода шуд, ки бинои мазкур ва дигар биноҳои маҷмўӣ бо назардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ бояд тарҳрезӣ шаванд.

Рўзи 10 июни соли равон дар вохўрии навбатии КВД «Лоиҳакаш» тарҳ ва нақшаи хароҷоти  иншоотҳои сохтмонӣ аз ҷониби Агентии иҷроия  мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.  Вобаста ба пешниҳоди нақшаи хароҳоти ҳар як қисми иншоотҳои сохтмонӣ, бо мақсади бозбинӣ ва мувофиқаи онҳо ба Бонки Осиёгии Рушд маълумоти зарурӣ пешниҳод гардид. Дар робита ба бозбинии нақшаи хароҷотҳои корҳои сохтмонӣ 19 июни соли равон бо Бонки Осиёгии Рушд видеоконфронс гузаронида шуд.