ЛОИҲАИ МУКАММАЛСОЗИИ ХИЗМАТРАСОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ҶУЗЪИ С (МАБЛАҒГУЗОРИИ ИЛОВАГӢ)

Татбиқи лоиҳаи “Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷузъи С” (ЛМХОҲ ОМ, ҷузъи С) дар доираи маблағгузории Асотсиатсияи байналмилалии рушд, аз 01 ноябри соли 2011 оғоз гардида, 31 декабри соли 2018 ба анҷом расид.
Мақсади асосии лоиҳа аз коҳиш додани хатарҳои инсонию иҷтимоӣ ва иқтисоди марбут ба зуҳуротҳои экстремалии обу ҳаво ва иқлим мебошад.
Гурӯҳи миллии идоракунии Бонки Ҷаҳонӣ барои Осиёи Марказӣ ва Гурӯҳи лоиҳа таклиф оид ба идома додани маблағгузориро дар сохторҳои обуҳавошиносии Осиёи Марказӣ аз ҷумла, дар сохтори обуҳавошиносии Тоҷикистон дастгирӣ намуд.
Маблағгӯзории иловагии ЛМХОҲ ОМ, ҷузъи С барои таъмини иҷрои чорабиниҳои зерин пешбинӣ шудааст:
- ба анҷом расонидани чорабиниҳое, ки татбиқи онҳо дар марҳилаи аввал аз сабаби нарасидани маблағ маҳдуд ё ихтисоршуда;
- фароҳам овардани дастовардҳои устувори Мақсадҳои Рушди Лоиҳа;
- рушди фаъолият дар бахши бунёди системаи самараноки хизматрасонии обуҳавошиносӣ барои истифодабарандагон.
Дар доираи “Маблағгузории Иловаги”-и ЛМХОҲ ОМ, ҷузъи С, 16 чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст, ки ба таҳкими заминаҳои институтсионалии Тоҷикгидромет, шабакаҳои мушоҳидавии обуҳавосанҷӣ ва системаи хизматрасонӣ нигаронида шудаанд.
Созишнома дар бораи маблағгузории иловагӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асотсиатсияи байналмилалии рушд, 25 июни соли 2019 ба имзо расид.
Айни замон, раванди ратификатсияи Созишнома дар бораи маблағгузорӣ идома дошта, сипас татбиқи маблағгузории лоиҳа оғоз хоҳад шуд.