Фактҳои обуҳаво

Обу ҳаво дар Душанбе

16 октябр, шанбе
+23...+25°C
Қисман абрнок, Бебориш
17 октябр, якшанбе
+23...+25°C
Ҳавои тағйирёбанда, Бебориш
18 октябр, душанбе
+23...+25°C
Ҳавои тағйирёбанда, Бебориш
19 октябр, сешанбе
+24...+26°C
Қисман абрнок, Бебориш
20 октябр, чоршанбе
+24...+26°C
Ҳавои тағйирёбанда, Бебориш

Обу ҳаво дар Тоҷикистон

Такмилёбии абрҳо

Абр ин конденсатсияи  буғи об аст, ки дар осмон бо чашми бараҳна ва аз сатҳи Замин ва фазои кайҳонӣ намоён буда, тудаҳои онҳо, ки одатан торики ғафс буда, борон, барф ё жоларо ба вуҷуд меоранд.

Аз сатҳи обанборҳо, хок ва растаниҳо об бухор шуда, ба атмосфера ворид мешавад, ки дар он ҷо абрҳои бороновар ба амал меоянд, ки онҳо тавассути ҷараёнҳои ҳаво ба самтҳои мухталиф ҳаракат мекунанд. Ин гуна абрҳо дар минтақае, ки абрҳои ибтидоӣ ба вуҷуд меоянд, боришотро ба амал намеоранд.

Суръати бухоршавӣ, яъне тавоноӣ ва суръати он аз ҳарорат, намӣ ва суръати ҳаракати ҷараёни ҳаво, асосан аз шамол вобаста аст. Аксари буғи обҳои атмосферӣ аз минтақаҳои гарм, яъне тропикҳои уқёнусӣ ва субтропикӣ сарчашма мегиранд. Ин чунин маъно дорад, ки ҳар қадар ҳаво гармтар бошад, об тезтар аз дарёву рӯдхонаҳо, кӯлҳо, ҳавзҳои кушода ва дигар обанборҳо бухор мешавад.

Буғии об сабук буда, ба боло  меравад. Дар қимсатҳои болоии атмосфера ҳарорат хунук аст ва дар ин шароит буғ ба хунук шудан оғоз карда, ба қатраҳои хурди об табдил меёбад, ки дар дохили он зарраҳои хок ва ҳатто гарди гулҳо низ вуҷуд дошта метавонанд. Дар дохили абр ҳаракат карда, қатраҳо бо ҳам бархӯрд карда, қатраҳои вазнинро ташкил медиҳанд. Вақте ки онҳо ҷамъ мешаванд, дар шакли борон ба замин мерезанд. Сипас ҳамаи ин раванд аз нав оғоз мешавад. Об бухор шуда, аз сатҳи замин ва иншоотҳои обӣ дар шакли абр ба атмосфера мебарояд. Ин ҷараёни мубодилаи доимии об дар табиат буда, онродаври гардиши об дар табиатменоманд. Об ҳама вақт дар як давр ҳаракат мекунад.

Таснифоти байналмилалии абрҳо аз рӯи хусусиятҳои асосии зерин амалӣ карда мешавад:

а) намуди зоҳирӣ (таснифоти морфологӣ),

б) баландии ҷойгиршавӣ,

в) равандҳои пайдоиш.

Дар намуди зоҳирӣ абрҳо ба 10 шакли асосӣ тақсим мешаванд, ки дар навбати худ ба як қатор намудҳо ва навъҳо тақсим мешаванд. Вобаста аз ҷойгиршавии пойгоҳи абрӣ чор синф (оила)-и онҳо ҷудо карда мешаванд.

1.Абрҳои қабати болоӣ (болотар аз 6000м).

2. Абрҳои қабати миёна (2000-6000м). Дар шароити кӯҳӣ аз 2500 м.

3. Абрҳои қабати поёнӣ (дар баландии 2000-2500м).

4. Абрҳои рушди амудӣ, ки сарҳади поёнии онҳо аз 2000 метр (дар шароити Тоҷикистон, дар фасли тобистон аз 3000-3500 м) ва болоӣ дар баландии 4000-6000м ҷойгиранд.

Харитаи обуҳаво

 

Аксҳо ва наворҳо

Пешгӯиҳо барои имрӯз

Бохтар +25...+27°C
Данғара +25...+27°C
Дарвоз +25...+27°C
Душанбе +24...+26°C
Кӯлоб +25...+27°C
Лахш +18...+20°C
Мурғоб +7...+9°C
Панҷакент +21...+23°C
Панҷ +25...+27°C
Рашт +22...+24°C
Ховалинг +21...+23°C
Хоруғ +19...+21°C
Хуҷанд +22...+24°C

Скачать виджет погоды

Хизматрасонӣ

Хабарҳои охирин

Озмунҳо

Агентии

     Гости мира

Flag Counter