АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

1. Сардори Раёсати шабакаҳои давлатӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2492,40 сомонӣ.    

2.Сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус-1 ҷой, маоши мансабӣ - 2492,40 сомонӣ. 

3.Мутахассиси пешбари Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус-1 ҷой, маоши мансабӣ-1021,20 сомонӣ.

4.Сардори Раёсати молия ва иқтисод  -1 ҷой, маоши мансабӣ-2492,40 сомонӣ.

5.Сармутахассиси Раёсати молия ва иқтисод  -1 ҷой, маоши мансабӣ-1248,90 сомонӣ.

6.Сардори шуъбаи назорат ва коргузорӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ-1674,00 сомонӣ.

7.Сардори Шуъбаи робитаҳои байналхалқӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ-1674,00 сомонӣ.

8.Мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналхалқӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ- 841,20 сомонӣ.

9.Мутахассиси пешбари шуъбаи мониторинги ифлосшавии обҳои рӯизаминӣ ва нурафкании Раёсати мониторинги муҳити зист -2 ҷой, маоши мансабӣ-1021,20 сомонӣ.

10.Сармутахассиси шуъбаи иттилоотии муҳити зисти Раёсати мониторинги муҳити зист -1 ҷой, маоши мансабӣ-1248,90 сомонӣ.

11.Сармутахассиси  Санҷишгоҳи омӯзиши ифлосшавии атмосферӣ дар ш.Турсунзода, Раёсати мониторинги муҳити зист - 1 ҷой,маоши мансабӣ- 1248,90 сомонӣ.

12.Сармутахассиси Раёсати таъминот ва хоҷагӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ-1248,90 сомонӣ.

13.Мутахассиси шуъбаи обуҳавошиносӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ-841,20 сомонӣ.

 

         Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

 -Ариза ба унвони роҳбари мақомот;

-варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

-шарҳи ҳол;

-нусхаи диплом;

-4 дона расми 3х4 ранга;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-нусхаи шиноснома;

-маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

-маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли 038 УЕ;

-нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
-нусхаи билети ҳарбӣ(барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

-маълумотнома (сиви-обьективка);

-маълумотнома оиди надоштани доғи Судӣ.

 Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабӣ сардори Раёсат.

 

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансабӣ ишғолшаванда муввофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабӣ мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 -3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар Мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 -дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ ва банақшагирии раванди корва кор бо тобеон

 Барои ишғоли мансабӣ сармутахасис;

 -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансабӣ ишғолшаванда муввофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабӣ мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ  монондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 Барои ишғоли мансабӣ мутахассиси пешбар;

 -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансабӣ ишғолшаванда муввофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабӣ мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 -1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 Барои ишғоли мансабӣ мутахассис;

 -таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабӣ мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

 

Шаҳри Душанбе, кучаи Шевченко- 47

Телефон барои тамос: 44-600-02-17, 918-65-84-74

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз баъд аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Даромад

0 Комментариев

Авторизируйтесь, чтобы оставить комментарий.