Даъват барои тендер 24.08.2021 - 04.10.2021 сол

 

Сана :

24 августи 2021

Рақами Грант  ва ном:

G0576/0577-TAJ:  Лоиҳаи "Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ" (Маблағгузории иловагӣ)

Рақами Шартнома ва ном:

H-G-03: Таъсиси маркази маълумот, хариди истгоҳҳои корӣ, серверҳо ва таҷҳизоти дигар, иҷрои корҳо оид ба рушди шабакаи кабели сохторӣ  барои Агентии  обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ш.  Душанбе, хиёбони Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Сино (маҳаллаи 84), Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерӣ:

4 октябри соли 2021 соати 15:00 (вақти маҳаллї)

 

 

1.Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд (БОР) оид ба хароҷоти Лоиҳаи "Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ" (Маблағгузории иловагӣ) маблағгузорӣ қабул кардааст ва ният дорад, ки як қисми ин маблағгузориро барои пардохтҳо тибқи Карордоди дар боло нишондодашуда истифода карда шавад. Тендер барои довталабони кишварҳои мувофиқи БОР кушода аст.

 2. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ("Харидор") аз довталабони мувофиқ барои харид ва насби истгоҳҳои корӣ, серверҳо ва таҷҳизотхои дигар, таъсиси маркази маълумот, иҷрои корҳо оид ба рушди шабакаи кабелии сохторӣ даъват менамояд ("Молҳо").

Мол дар давоми 180 (яксаду ҳаштод) рӯз пас аз имзои шартнома таҳвил, таъмин ва насб карда мешавад.

 Тендерҳои рақобатпазирии миллӣ (NBC) тибқи тартиби як марҳилаи БОР гузаронида мешаванд: бо истифода аз як лифофа ва ба ҳамаи довталабони кишварҳои мувофиқ кушода аст, ки дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ тавсиф шудаанд.

 Танҳо довталабони мувофиқ бо тахассуси зерин бояд дар тендер ширкат варзанд:

 • Анҷоми бомуваффақият ҳамчун таҳвилгари асосӣ дар давоми 3 (се) соли охир ҳадди аққал 2 (ду) шартнома ба маблағи ҳар кадоме аз 400,000 доллари ИМА, ки хусусият ва мураккабии он ба доираи таъминоти дар боби 6 тавсифшуда (Ҷадвали таҳвил) тавсиф карда шудааст.

 • Ҳадди ақали гардиши миёнаи солона 1,000,000 доллари ИМА, ки ҳамчун маблағи умумии пардохтҳое, ки Довталаб барои шартномаҳои анҷомёфта ё нопурра дар давоми 3 (се) соли охир гирифтааст, ҳисоб карда мешавад.

 Меъёрҳои пурраи мувофиқат дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ тавсиф карда шудаанд.

 Барои маълумоти иловагӣ ва баррасии ҳуҷҷатҳои тендерӣ, довталабон метавонанд бо суроғаи зерин тамос гиранд:

 Гурӯҳи татбиқи лоиҳа

Агентии обуҳавошиносии

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

кучаи Шевченко 47, 734025, Душанбе, Тоҷикистон

Тел: +992 44 601 01 51

Почтаи электронӣ: pig.hydromet@gmail.com

 Ҷаласаи пеш аз тендер, ки дар он довталабони эҳтимолӣ иштирок карда метавонанд, баргузор мегардад:

Сана: 3 сентябри 2021

Вақт: 10:00 (бо вақти маҳаллӣ)

Макон: хиёбони Бобоҷон Ғафуров, ноҳияи Сино (микрорайони 84), Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон (бинои нави Агентии обуҳавошиносӣ).

 Барои харидории ҳуҷҷатҳои тендерӣ бо забони англисӣ, довталабони мувофиқ бояд:

• ба суроғаи дар боло зикршуда бо дархости хариди ҳуҷҷатҳои тендерӣ мактуб нависанд барои H-G-03: Таъсиси маркази маълумот, хариди истгоҳҳои корӣ, серверҳо ва таҷҳизоти дигар, иҷрои корҳо оид ба рушди шабакаи кабели сохторӣ.

 • Пардохти маблағи баргардониданашавандаи 100 (сад) доллари ИМА, бо Сомонии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сомонӣ), бо интиқоли бонк ба суратҳисоби зерин амалӣ мегардад:

 Агентии обуҳавошиносӣ

Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тољикистон, Душанбе

INN: 020009504

МФО: 350101800

Ҳисоби корреспондент: 22402972000002

C / Ҳисоб бо сомонии тоҷикӣ: 20204972712010100002

 7. Пешниҳодҳоро ба суроғаи зерин ирсол кунед:

 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ст. Шотемур 27,

ошёнаи якум, ҳуҷраи 10,

734025 Душанбе, Тоҷикистон

 • дар ва ё пеш аз мӯҳлат: 4 октябри соли 2021 соати 15:00 (бо вақти маҳаллӣ)

• ба пешниҳоди тендер бояд кафолати бонкӣ ба андозае, ки дар ҳуҷҷатҳои тендер тавсиф шудааст, ҳамроҳ карда шавад.

 Тендерҳо дар суроғае, ки дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ нишон дода шудааст, фавран пас аз ба охир расидани мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо дар ҳузури намояндагони довталабони хоҳиши иштирок карданро доранд, кушода мешаванд. Агентии обуҳавошиносӣ барои ҳама гуна хароҷот ё хароҷотҳое, ки иштирокчиён вобаста ба омода кардан ё расонидани дархостҳо ба ӯҳдадоранд, масъул нест.

Даромад

0 Комментариев

Авторизируйтесь, чтобы оставить комментарий.