Таҷҳизотҳои обуҳавошиносӣ (ченакҳои дарё ва истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ)

Сана :

19 июли соли 2022

Рақами Грант  ва ном:

G0576/0577-TAJ:  Лоиҳаи "Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи ПанҶ" (Маблағгузории иловагӣ)

Рақами Шартнома ва ном:

H-G-02:   Таҷҳизотҳои обуҳавошиносӣ (ченакҳои дарё ва истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ)

Мўҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерӣ:

30 августи  соли 2022 соати 15:00 (вақти маҳаллӣ)

     1.   Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд (БОР) оид ба хароҷоти Лоиҳаи "Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи ПанҶ" (Маблағгузории иловагӣ) маблағгузорӣ қабул кардааст ва ният дорад, ки як қисми ин маблағгузориро барои пардохтҳо тибқи Қарордоди дар боло зикршуда истифода барад. Тендер барои довталабони кишварҳои манбаи мувофиқи БОР кушода аст. 

2. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ("Харидор") аз довталабони мувофиқ барои «ТаҶҳизотҳои обуҳавошиносӣ (ченакҳои дарё ва истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ)» ("Молҳо").

Мол бояд дар давоми 180 (яксаду ҳаштод) рӯзи баъди имзои шартнома таъмин ва насб карда шавад. 

3.  Тендерҳои рақобатпазирии байналмилалӣ (ICB) тибқи тартиби як марҳилаи БОР гузаронида мешаванд: бо истифода аз як лифофа ва ба ҳамаи довталабони кишварҳои мувофиқ кушода аст, ки дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ тавсиф шудаанд. 

4.  Танҳо довталабони мувофиқ бо тахассуси зерин бояд дар тендер ширкат варзанд: 

• Анҷоми бомуваффақият ҳамчун таҳвилгари асосӣ дар давоми 3 (се) соли охир ҳадди аққал 2 (ду) шартнома ба маблағи ҳар кадоме аз 299,250 доллари ИМА, ки хусусият ва мураккабии он ба доираи таъминоти дар боби 6 тавсифшуда (Ҷадвали таҳвил) тавсиф карда шудааст. 

• Ҳадди ақали гардиши миёнаи солона 748,120 доллари ИМА, ки ҳамчун маблағи умумии пардохтҳое, ки Довталаб барои шартномаҳои анҷомёфта ё нопурра дар давоми 3 (се) соли охир гирифтааст, ҳисоб карда мешавад.

Меъёрҳои пурраи мувофиқат дар ҳуҶҶатҳои тендерӣ тавсиф карда шудаанд. 

5. Барои маълумоти иловагӣ ва баррасии ҳуҶҶатҳои тендерӣ, довталабон метавонанд бо суроғаи зерин тамос гиранд: 

Гурўҳи татбиқи лоиҳа

Агентии обуҳавошиносии

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти

назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҶикистон

кўчаи Бобоҷон Ғафуров 373, 734025, Душанбе, Тоҷикистон

Тел: +992 918383636

Почтаи электронӣ: pig.hydromet@gmail.com 

Ҷаласаи пеш аз тендер, ки дар он довталабони эҳтимолӣ иштирок карда метавонанд, баргузор мегардад:

Сана: 01 августи 2022

Вақт: 10:00 (бо вақти маҳаллӣ)

Макон: хиёбони Бобоҷон Ғафуров, ноҳияи Сино (микрорайони 84), Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон (бинои нави Агентии обуҳавошиносӣ). 

6. Барои харидории ҳуҶҶатҳои тендерӣ бо забони англисӣ, довталабони мувофиқ бояд:

• ба суроғаи дар боло зикршуда бо дархости хариди ҳуҷҷатҳои тендерӣ мактуб нависанд барои “H-G-02: Hydromet monitoring equipment and installation e.g., river gauges and weather stations”

• Пардохти маблағи баргардониданашавандаи 100 (сад) доллари ИМА, бо муодили Сомонӣ, бо интиқоли бонк ба суратҳисоби зерин амали мегардад: 

Агентии обуҳавошиносӣ

Лоиҳаи "Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи ПанҶ" (Маблағгузории иловагӣ)

Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе

Аввалин бонки молиявии хурд

TIN: 020009504

МFО: 350101800

Ҳисоби корреспондент: 20402972118051

Ҳисоб бо доллари ИМА: 20206840702000149901

Ҳисоб бо сомонии тоҷикӣ: 20202972901499010000 

7.         Пешниҳодҳоро ба суроғаи зерин ирсол кунед:          

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҶикистон

Суроға: кўчаи Шотемур 27, ошёнаи якум, ҳуҶраи 10,

734025 Душанбе, Тоҷикистон

 • дар ва ё пеш аз мўҳлат: 30 августи соли 2022 соати 15:00 (бо вақти маҳаллӣ);

• дар якҷоягӣ бо кафолати бонкӣ ба андозае, ки дар ҳуҷҷатҳҳои тендерӣ тавсиф шудааст. 

Пешниҳодҳо/озмун дар суроғае, ки дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ нишон дода шудааст, фавран пас аз ба охир расидани мўҳлати пешниҳоди дархостҳо дар ҳузури намояндагони довталабон, ки хоҳиши иштирок карданро доранд, кушода мешаванд. Агентии обуҳавошиносӣ барои ҳама гуна хароҷот ё хароҷотҳое, ки иштирокчиён вобаста ба омода кардан ё расонидани дархостҳо ба ӯҳдадоранд, масъул нест.

Даромад

0 Комментариев

Авторизируйтесь, чтобы оставить комментарий.