СУО

 

Мухтасар дар бораи Созмони Умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (СУО)

 

Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (СУО) як муассисаи махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид буда, манбаи боэътимоди иттилоот барои системаи СММ дар бораи ҳолат ва рафтори атмосфераи замин, алоқаҳои он бо уқёнусҳо, иқлими ташаккулёфта ва тақсимоти захираҳои об мебошад.

СУО 189 кишвари аъзо ва қаламрав дорад (то 4 декабри соли 2009). СУО аз Ташкилоти байналмилалии обуҳавошиносӣ (ТБО) сарчашма мегирад, ки соли 1873 таъсис ёфтааст. Соли 1950 таъсис ёфта, СУО дар соли 1951 муассисаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи обуҳавошиносӣ (обу ҳаво ва иқлим),обшиносии амалиётӣ ва илмҳои ба ҳам алоқаманд гардид.

Азбаски обу ҳаво, иқлим ва гардиши об сарҳади давлатиро намедонанд, ҳамкории байналмилалӣ дар миқёси ҷаҳонӣ барои рушди ҳавошиносӣ ва обшиносии амалиётӣ ва инчунин ба даст овардани фоида аз истифодаи онҳо ниҳоят муҳим аст. СУО барои чунин ҳамкориҳои байналмилалӣ замина фароҳам меорад.

Аз замони таъсисёбӣ СУО дар таъмини амният ва беҳбудии инсон нақши беназир ва таъсирбахшро бозидааст. Бо роҳнамоии СУО ва тавассути барномаҳои он хадамоти миллии обуҳавошиносӣ ва обшиносӣ дар ҳифзи ҳаёт ва моликият аз офатҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани некӯаҳволии иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳамаи қишрҳои ҷомеа, алалхусус дар соҳаҳое чун амнияти озуқаворӣ, об, нақлиёт ва ғайра саҳми назаррас дорад.

СУО ҳамкориро дар ташкили шабакаҳо барои мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ, иқлимӣ, обшиносӣ ва геофизикӣ ба роҳ монда, инчунин мубодилаи маълумотҳои дахлдор ва барои коркард ва стандартисозии онҳоро  дар интиқоли технология ва тайёр намудани мутахассисон ва корҳои  илмӣ мусоидат менамояд. Он инчунин ҳамкории байни хадамоти миллии обуҳавошиносӣ ва обшиносии кишварҳои узвро тақвият дода, ҷиҳати истифодаи ҳавошиносӣ дар хадамоти давлатии обуҳавошиносӣ, кишоварзӣ, авиатсия, боркашонӣ, муҳити зист, ҷанбаҳои об ва кам кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ мусоидат менамояд.

СУО мубодилаи озод ва бемаҳдуди маълумот ва иттилоот, маҳсулот ва хизматҳоро дар вақти воқеӣ ё наздик ба масъалаҳои вобаста ба бехатарӣ ва амнияти ҷамъият, некӯаҳволии иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист фароҳам меорад. Он ба таҳияи сиёсат дар ин соҳаҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Дар ҳолати ҳодиссаҳои хатарноки табиӣ вобаста ба обу ҳаво, иқлим ва об, ки тақрибан 90 фоизи офатҳои табииро ба миён меоранд, барномаҳои СУО маълумоти муҳим ва огаҳии пешакӣ дар самти наҷотдиҳии одамон ва коҳиш додани хисорот ба амвол ва муҳити зистро  пешкаш менамоянд. СУО инчунин ба коҳиш додани оқибатҳои офатҳои антропогенӣ, ба монанди садамаҳои кимиёвӣ ё ядроӣ, инчунин сӯхтори ҷангал ва хуруҷи вулқон мусоидат мекунад. Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки ба ғайр аз манфиатҳои бебаҳо барои беҳбудии инсон, ҳар як маблағе, ки ба хадамоти обуҳавошиносӣ ва обшиносӣ сармоягузорӣ шудааст, манфиатҳои иқтисодиро меорад, ки аз сармоягузорӣ чанддин маротиба зиёд аст.

 СУО дар кӯшишҳои байналмилалии назорат ва ҳифзи муҳити зист тавассути барномаҳои худ нақши пешбарро мебозад. Дар ҳамкорӣ бо дигар оҷонсиҳои СММ ва хадамоти миллии обуҳавошиносӣ ва обшиносӣ СУО  татбиқи як қатор конвенсияҳои экологиро дастгирӣ намуда, дар пешниҳоди машварат ва арзёбӣ ба ҳукуматҳо оид ба масъалаҳои марбута нақши муҳим дорад. Чунин фаъолиятҳо ба рушди устувор ва некӯаҳволии халқҳо мусоидат менамояд.

 


Другая полезная информация

 I Погода I Климат I Вода I Океаны I 

 I Окружающая среда I Опасные природные явления I Наблюдения I 

 I Управление информацией I Наращивание потенциала I 

 I Социально-экономические выгоды I