Agency for hydrometeorology
The Committee of Environmental Protection under the
Government of the Republic of Tajikistan
Home /

News

Вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ бо Ҳайати мустақили арзёбии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 октябри соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо Ҳайати мустақили арзёбии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Ҳайати мустақили арзёбии Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ, самтҳои асосии кор, вазифаҳои афзалиятнок ва нақши он дар таъмини аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ бо маълумоти обуҳавошиносӣ шинос шуданд.  

Дар идомаи вохӯрӣ ба меҳмонон раванди кори озмоишгоҳҳои сифати ҳаво ва обҳои сатҳии Раёсати мониторинги муҳити зист, инчунин фаъолияти Маркази пешгӯии обуҳавосанҷӣ ва имкониятҳои низоми муосири пешгӯии обуҳавосанҷии “SmartMet” муаррифӣ карда шуд. Меҳмонон бо раванди коркарду таҳлили маълумоти мушоҳидавӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар таҳияи пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ аз наздик шинос шуданд.

Ҳамзамон, Ҳайати мустақили арзёбии Бонки Осиёии Рушд аз биноҳои истиқоматӣ ва иншооти инфрасохторие, ки дар доираи лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд бунёд гардида, бо дастгирии ин ниҳоди молиявӣ навсозӣ шудаанд, дидан намуданд.

Чунин вохӯриҳо барои муаррифии имконияту дастовардҳои Агентии обуҳавошиносӣ, шиносоӣ бо инфрасохтори соҳавӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар самти рушди низоми обуҳавошиносӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

22.10.2026