Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули омӯзиш ва мониторинги ҳифзи пиряхҳо буда, тӯли 69 сол мешавад, ки омӯзиши қабати барф, пешгӯии хавфи офатҳои табиӣ, мониторинги пиряхҳо, рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ ва кӯлҳои рахнашавандаро ба роҳ мондааст.
Қайд намудан зарур аст, ки Агентии обуҳавошиносӣ фаъолияти худро дар самти корҳои таҳқиқотӣ-экспедитсионӣ тақвият бахшида, дар доираи иҷрои бандҳои “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” ва талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №407 дар бораи амалигардонии қатъномаи СММ оид “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар давоми соли 2024 бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 маротиба корҳои омӯзишӣ, таҳқиқотӣ ва экспедитсионӣ дар фасли зимистон оид ба омӯзиши қабати барф (бо усули пиёда), 5 маротиба мушоҳидаҳо бо воситаи чархбол (аэровизуалӣ), 18 экспедитсияҳо дар пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ, кӯлҳои рахнашаванда, минтақаҳои хавфноки селфаро ва тармафарои ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд, ки дар умум 52 чорабиниро ташкил медиҳад.
Боиси ифтихор аст, ки моҳи майи соли 2025 бахшида ба “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби мутахассисони Агентӣ аввалин маротиба дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таҳқиқотӣ оид ба гузаронидани масса баланси зимистона “Зимний масса баланс”, яъне омӯзиши қабати барф дар фасли зимистон дар пиряхи Партияи гидрографи (ГГП) -и ҳавзаи дарёи Зарафшон ба роҳ монда шуд, ки ин таҷриба то кунун дар кишвари азизи мо истифода нашуда буд. Ин марҳилаи нави тадқиқотӣ ба рушди устувори шабакаи мониторинги пиряхҳои кишвар ва таҳкими асосҳои илмии омӯзиши захираҳои обии пиряхӣ мусоидат менамояд.
Ҳадафи асосии ченкуниҳои тавозуни зимистонаи пирях ин муайянсозии ҳаҷми барфест, ки дар давоми мавсими зимистон дар сатҳи пирях ҷамъ шуда, ҳамчун сарчашмаи асосии обшавии тобистона хизмат менамояд. Маҳз тавассути ин ченкуниҳо имкон пайдо мешавад, ки саҳми барф дар барқароршавии тавозуни пирях баҳогузорӣ гардад, ки дар заминаи тағйирёбии иқлим аҳамияти махсусро дорост.
Ченкуниҳо дар сатҳҳои гуногуни пирях, аз поён то болооб, бо истифода аз чуқури (шурф)-ҳои барфӣ ва зондкунии амиқ (омӯзиш ба воситаи аксҳои моҳворавӣ) анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, мутахассисон чуқури (шурф)-ҳои барфиро то чуқурии 2–4 метр канда, таркиб ва зичии қабатҳои барфро омӯхтанд. Барои ҳар чуқурӣ (шурф) параметрҳои зерин сабт гардиданд:
- ғафсӣ ва зичии умумии барф;
- нишондодҳои қабатҳои ҷудогона (барфи нав, барфи сахтшуда, қабатҳои яхкардашуда) ;
- обнокии барф;
- ҳарорат ва намнокии нисбӣ дар қабатҳои мухталиф.
Ин тадбирҳо имкон доданд, ки ҳаҷми умумии оби баробар ба барф (Snow Water Equivalent — SWE) ҳисоб карда шавад. Бар асоси ин арзёбӣ муайян карда мешавад, ки то чӣ андоза пирях тавонистааст дар зимистон захира (масса) ҷамъ намояд.
Пиряхи ГГП, ки дар қисми болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон ҷойгир аст, яке аз муҳимтарин объектҳои таҳқиқотии пиряхшиносӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, аз соли 2018 то инҷониб таҳти мониторинги пайваста қарор дорад. Соли 2018 дар доираи ҳамкории байналмилалӣ бо Пажӯҳишгоҳи метеорологии Финландия дар наздикии пирях стансияи худкор насб карда шуд, ки маълумоти ҳарсоата дар бораи ҳарорат, боришот, намнокӣ, суръат, самти шамол ва дигар нишондиҳандаҳои обу ҳаворо сабт мекунад.
Ченкунии тавозуни зимистона дар пиряхҳои Тоҷикистон пеш аз ҳама, барои дарки дақиқи равандҳои обшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии оби ширини кишвар мебошанд, заминаи муҳим фароҳам меорад. Зеро беш аз 60% захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд ва пиряхҳо нақши асосиро дар таъмини оби дарёҳо, обёрии заминҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли нерӯи барқ мебозанд.
Аз ин лиҳоз, татбиқи ченкунии тавозуни зимистонаи пиряхҳо метавонад ба таҳияи пешгӯиҳои воқеъбинона оид ба захираҳои обӣ, инчунин арзёбии хатарҳои марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо мусоидат намояд. Ин тадқиқот барои таҳияи Стратегияи миллии идоракунии захираҳои обии пиряхӣ низ аҳамияти калидӣ дорад.
Гузаронидани ченкунии тавозуни зимистона дар пиряхи ГГП на танҳо як марҳилаи илмӣ, балки як падидаи муҳими амалӣ дар таърихи пиряхшиносии Тоҷикистон ба шумор меравад.
07.05.2025