Пешгӯии обу ҳавои ҷумҳурӣ барои моҳи октябри соли 2026
Вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ то 1-2° баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 13+19° гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 13+15° гарм (меъёр: дар водиҳо 13+17° гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ +13° гарм) мешавад.
Ҳавои нисбатан гарм дар водиҳо дар даҳрӯзаи аввали моҳ пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво шабона 12+17° гарм, рӯзона 26+31° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бошад, шабона 9+14° гарм, рӯзона 21+26° гарм мешавад.
Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона аз 7+12° гарм то 3+8° гарм, рӯзона аз 20+25° гарм то 14+19° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 5+10° гарм то 2+7° гарм, рӯзона аз 16+21° гарм то 10+15° гарм мешавад.
Миқдори моҳонаи боришот дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад (меъёр: дар водиҳо 28-35мм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ 5-29мм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 41-54 мм).
Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ шиддатнокии вазиши шамол бо суръати 15-20м/с дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд.
Вилояти Суғд
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2° баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 13+16° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 5+9° гарм (меъёр: дар водиҳо 13+14° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 5+7° гарм) мешавад.
Ҳавои нисбатан гарм дар водиҳо дар даҳрӯзаи аввали моҳ пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво шабона 10+15° гарм, рӯзона 21+26° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад, шабона 3+8° гарм, рӯзона 16+21° гарм мешавад.
Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона аз 6+11° гарм то 3+8° гарм, рӯзона аз 18+23° гарм то 12+17° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -1+4° то 1-6° хунук, рӯзона аз 10+15° гарм то 4+9° гарм мешавад.
Миқдори моҳонаи боришот дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд дар назар аст (меъёр: дар водиҳо 14-33 мм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 15-28 мм).
Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ шиддатнокии вазиши шамол бо суръати 15-20м/с пешгӯӣ мешавад.
Минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ то 1-2° баланд пешгӯӣ шуда, 9+17° гарм мешавад (меъёр: 8+15° гарм).
Ҳавои нисбатан гарм дар даҳрӯзаи аввали моҳ пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво шабона 7+12° гарм, рӯзона 20+25° гарм мешавад.
Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона аз 4+9° гарм то -3+2°, рӯзона аз 14+19° гарм то 8+13° гарм мешавад.
Миқдори моҳонаи боришот дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад (меъёр: ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ 22-92мм, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ 7-27мм).
Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с дар назар аст.
Шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ то 1-2° баланд пешгӯӣ гардида, 0-2° хунук мешавад (меъёр: 1-3° хунук).
Ҳавои нисбатан гарм дар даҳрӯзаи аввали моҳ пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво шабона 0-5° хунук, рӯзона 8+13° гарм мешавад.
Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона аз 4-9° хунук то 9-14° хунук, рӯзона аз 3+8° гарм то -3+2° мешавад.
Миқдори моҳонаи боришот дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад (меъёр: 3-10 мм).
Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с дар назар аст.
Соли монанд – 2022.