Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ахбор

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об»
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об»

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2026, №1184 Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳисоб меравад ва аз иқдомҳои дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Қобили зикр аст, ки дар давоми зиёда аз ду даҳсолаи охир ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, дар ҳалли масъалаҳои глобалии об ва ҳифзи пиряхҳо нақши муассир гузошта истодаанд.

15.06.2026

Бештар
Ободонӣ ва тозагӣ - нишонаи фарҳанги баланд ва масъулиятшиносӣ
Ободонӣ ва тозагӣ - нишонаи фарҳанги баланд ва масъулиятшиносӣ

Бо мақсади нигоҳдории муҳити тозаву озода, баланд бардоштани фарҳанги ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ, инчунин дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 13 июни соли равон дар Дастгоҳи марказии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

15.06.2026

Бештар
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Пиряхи Ванҷях” расман «Пиряхи Тоҷикистон» номгузорӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Пиряхи Ванҷях” расман «Пиряхи Тоҷикистон» номгузорӣ гардид

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори №330 аз 3 июни соли 2026-ро «Дар бораи иваз намудани номи “Пиряхи Ванҷях” ба “Пиряхи Тоҷикистон» қабул намуд. Қарори мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ» қабул гардида, иваз намудани номи яке аз бузургтарин пиряхҳои ҷаҳонро ба «Пиряхи Тоҷикистон» пешбинӣ менамояд.

12.06.2026

Бештар
Омӯзиши идоравӣ оид ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» баргузор гардид
Омӯзиши идоравӣ оид ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» баргузор гардид

Санаи 11 июни соли равон дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ омӯзиши навбатии идоравӣ дар мавзӯи «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» баргузор гардид. Дар чорабинӣ кормандони дастгоҳи марказӣ, раёсатҳо, марказҳо ва шуъбаҳои Агентӣ фаъолона иштирок намуда, доир ба талабот ва муқаррароти асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия маълумоти муфассал гирифтанд.

11.06.2026

Бештар
Ҷалсаи дуюми ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи Харитаи роҳ барои таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон барои солҳои 2024–2027 баргузор гардид
Ҷалсаи дуюми ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи Харитаи роҳ барои таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон барои солҳои 2024–2027 баргузор гардид

10 июни соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи Харитаи роҳ барои таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон барои солҳои 2024–2027 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва муассисаҳои соҳавӣ баргузор гардид.

11.06.2026

Бештар
Вохӯрӣ бо роҳбарияти Ташаббус оид ба таъмини  шаффофияти иқлимӣ (ICAT)
Вохӯрӣ бо роҳбарияти Ташаббус оид ба таъмини шаффофияти иқлимӣ (ICAT)

Дар ҳошияи Иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (SB64), дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеративии Олмон, вохӯрии Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо роҳбарияти Ташаббус оид ба таъмини шаффофияти иқлимӣ (ICAT) доктор Хенинг Вустер баргузор гардид. Ташаббуси мазкур бо дастгирии Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим фаъолият менамояд.

09.06.2026

Бештар
Иштирок дар ифтитоҳи Иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (SB64), Бонн, Олмон
Иштирок дар ифтитоҳи Иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (SB64), Бонн, Олмон

8 июни соли 2026 Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло дар маросими ифтитоҳи Иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (SB64), ки дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид, иштирок намуданд. Конфронси мазкур то санаи 18 июн идома ёфта, марҳилаи муҳими омодагӣ ба Иҷлосияи 31-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) ба ҳисоб меравад, ки моҳи ноябри соли 2026 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор хоҳад шуд.

09.06.2026

Бештар
Омӯзиши идоравӣ оид ба мавзӯи “Аҳамияти умумиҷаҳонии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти захираҳои обӣ, иқлим ва пиряхҳо” баргузор гардид

4 июни соли 2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ таҳти унвони «Аҳамияти умумиҷаҳонии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти захираҳои обӣ, иқлим ва пиряхҳо» бо иштироки васеи кормандони Агентӣ баргузор гардид.

04.06.2026

Бештар
Баргузории ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи “CBIT”
Баргузории ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи “CBIT”

Санаи 3 июни соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Тақвият бахшидани иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Париж (CBIT)» баргузор гардид.

04.06.2026

Бештар
Ташрифи намояндагони Хадамоти обуҳавошиносии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Агентии обуҳавошиносӣ
Ташрифи намояндагони Хадамоти обуҳавошиносии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Агентии обуҳавошиносӣ

Рӯзҳои 2-3 июни соли равон намояндагони Хадамоти обуҳавошиносии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи сафари корӣ ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

03.06.2026

Бештар