Ахбор
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти метеорологии Финляндия дар доираи лоиҳаи “FINTAJ” (зинаи 3-юм) ҳамкориҳои мутақобилан судманд дошта, дар ин замина аз 5 то 13 марти соли ҷорӣ мутахассисон дар нуқтаи ташхиси сифати ҳавои шаҳри Душанбе таҷҳизоти муосирро бо мақсади беҳтар намудани мушоҳидаи сифати ҳаво насб намуданд.
15.03.2024
Санаи 7 марти соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “ Рӯзи модарон” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва тамоми воҳидҳои сохторӣ иштирок намуданд. Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло баромад намуда, бонувони Агентӣ ва дар симои онҳо тамоми модарони кишварро бо идашон табрику таҳният намуд.
09.03.2024
Санаи 23 феврали соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 31-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва воҳидҳои сохтории Агентӣ иштирок намуданд.
23.02.2024
Санаи 21 феврали соли 2024 Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, бо дастгирии техникии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, дастгирии молиявии Фонди Иқлимии Сабз ва Комиссияи Аврупо семинари амалӣ дар мавзӯи "Тадбирҳо ва қадамҳои амалӣ оид ба баланд бардоштани устуворӣ ба хавфҳои ноустувории тағйирёбии иқлим ва рушди банақшагирии мутобиқсозии миллӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баргузор намуданд.
23.02.2024
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шудаанд. Зеро таъсиси Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва тақозои мубрами он айёми басо вазнину тақдирсоз буд.
22.02.2024
Санаи 7 феврали соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси” бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID) мизи мудаввар дар мавзӯи “Натиҷагирии 28-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28)” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои кишвар, шарикони рушд ва бахши хусусӣ баргузор гардид.
08.02.2024
Таърихи 1-2 феврали соли равон дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд семинари минтақавӣ оид ба мавзӯи “Афзоиши сармоягузорӣ ба системаҳои огоҳии бармаҳал” баргузор гардид, ки дар рафти он Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони мақомоти роҳбарикунанда, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ намуданд.
02.02.2024
Санаи 31 январи соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагиҳо ба таҷлили идҳои миллӣ ҷаласа баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва тамоми бонувони Агентӣ иштирок намуданд. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ Байдуллоева Ҷ.А. оғоз намуда, аз номи роҳбарияти Агентӣ ба бонувон барои саҳмгузориашон дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки мибаъд низ ҳамчун як бонуи равшанфикр ва ватандӯсти ҷомеа барои рушду нумӯи соҳа саҳмгузор бошанд.
01.02.2024
Таърихи 30 январи соли 2024 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ҷаласа оид ба шарҳу эзоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021, №1808 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, №1655 баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва тамоми сохторҳои Агентӣ иштирок доштанд.
31.01.2024
Рӯзҳои 22-23 январи соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ООО "Мeteo lux"-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ширкати “Micro Step-Mis”-и Ҷумҳурии Словакия семинари омӯзишӣ оид ба истифода ва нигоҳдории стансияҳои худкори агрометеорологиро гузарониданд, ки дар рафти он мутахассисони соҳавӣ иштирок намуда, донишҳои назариявӣ ва амалиашонро такмил доданд.
26.01.2024