Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Омӯзиш оид ба пешгӯии ба таъсир асосёфта (IBF)

Рӯзҳои 28–29 майи соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши дурӯза (тренинг) оид ба пешгӯии ба таъсир асосёфта — “IBF” (Impact-Based Forecasting) бо иштироки васеи мутахассисони соҳавӣ ва техникӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Агентии обуҳавошиносӣ ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором (ESCAP) роҳандозӣ гардида, ба тақвияти иқтидори техникӣ ва касбии мутахассисони миллӣ дар самти пешгӯии хавфҳои табиӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ равона карда шуд.

Дар рафти омӯзиш иштирокчиён бо принсипҳо ва усулҳои муосири пешгӯии ба таъсир асосёфта (Impact-Based Forecasting) шинос гардиданд. Зикр гардид, ки низоми мазкур имкон медиҳад на танҳо худи падидаҳои хатарноки обуҳавошиносӣ пешгӯӣ карда шаванд, балки таъсири эҳтимолии онҳо ба аҳолӣ, инфрасохтор, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоиву иқтисодӣ низ арзёбӣ гардад. Ин равиш яке аз механизмҳои муҳими баланд бардоштани омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва ҳифзи аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, дар ҷараёни омӯзиш мутахассисони Агентӣ тарзи насб, танзим ва истифодаи барномаи махсуси мушоҳида ва мониторинги зуҳуроти хавфноки табииро ба таври назариявӣ ва амалӣ омӯхтанд. Дар доираи омӯзиш таваҷҷӯҳи махсус ба таҳияи харитаҳои хавф ва осебпазирии офатҳои табиӣ дода шуд. Мутахассисон бо истифода аз маҷмӯи гуногуни маълумоти соҳавӣ ва иқлимӣ, аз ҷумла пешгӯии обуҳавошиносӣ, пешгӯиҳои мавсимӣ ва дурнамои тағйирёбии иқлим, тарзи таҳлил ва омодасозии харитаҳои таҳлилӣ ва иттилоотиро тавассути нармафзори махсус аз худ намуданд.

Баргузории чунин омӯзишҳо барои рушди низоми миллии огоҳсозии бармаҳал, такмили иқтидори касбии кормандони соҳа ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар фаъолияти обуҳавошиносӣ аҳамияти муҳим дошта, ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ мусоидат менамояд.



29.05.2026