Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

ТОҶИКИСТОН ВА АВСТРИЯ ҲАМКОРИРО ДАР СОҲАИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА ТАҚВИЯТ МЕБАХШАНД

Дар ҳошияи Конфронси 31-уми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), маросими ба имзо расонидани Созишнома оид ба ҳамкориҳои байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти илм ва технологияи Австрия (ISTA) баргузор гардид.

Ҳуҷҷати мазкур ба рушди ҳамкориҳои дарозмуддати соҳавӣ ва техникӣ дар самтҳои омӯзиши пиряхҳо, криосфера, гидрология, метеорология, захираҳои обии кӯҳсор ва тағйирёбии иқлим равона гардидааст. Таваҷҷӯҳи махсус ба гузаронидани экспедитсияҳои муштарак, рушди инфрасохтори мушоҳидавӣ, инчунин ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумоти обуҳавошиносӣ зоҳир карда шуд.

Дар доираи ҳамкорӣ татбиқи чорабиниҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла навсозии стансияи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи Тоҷикистон (Федченко), рушди мушоҳидаҳо дар ҳавзаи дарёи Қизилсӯ (Сурхоб), ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ченкунӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисони ватанӣ пешбинӣ мегардад.

Ҳамзамон, ба имзо расидани Созишнома барои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои байналмилалӣ, бахусус дар доираи лоиҳаи “MountAInWater” замина фароҳам меорад. Лоиҳаи мазкур ба омӯзиши амиқи захираҳои обии минтақаҳои кӯҳӣ, таҳияи маълумоти илмии ҷаҳонӣ ва арзёбии оқибатҳои эҳтимолии тағйирёбии иқлим барои захираҳои обӣ равона шудааст.

Созишномаи мазкур қадами муҳим дар самти таҳкими шарикии байналмилалӣ, тақвияти имкониятҳои низоми миллии мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ба ҳисоб меравад.

19.11.2026