Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкориҳоро дар самти мониторинги сифати ҳавои атмосфера тақвият медиҳанд

Дар ҳошияи иҷлосияи 31-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) вохӯрии дуҷонибаи роҳбарони Хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло ва директори Агентии хизмати обуҳавошиносии назди Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Ҳабибуллоҳуҷаевич Ҳабибуллоев иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои такмили стандартҳои сифати ҳавои атмосфера аз рӯи нишондиҳандаи миқдории зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (РМ-2,5), инчунин таҳияи равиши ягонаи татбиқи онҳоро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба зарурати ҳамоҳангсозии минтақавии талабот оид ба мониторинг ва арзёбии консентратсияи зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (РМ-2,5) дар ҳавои атмосфера зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки татбиқи равишҳои мувофиқашуда имкон медиҳад, ки муқоисапазирии маълумот таъмин гардида, самаранокии мониторинги ифлосшавии ҳаво баланд бардошта шавад ва мубодилаи иттилооти экологӣ байни кишварҳои минтақа беҳтар гардад.

Ҳамчунин, масъалаҳои ба роҳ мондани мубодилаи мунтазами иттилоот, натиҷаҳои мушоҳидаҳо ва маводи таҳлилӣ оид ба вазъи сифати ҳавои атмосфера, аз ҷумла ҳисоботи даврӣ баррасӣ гардиданд. Муҳиммияти чунин ҳамкорӣ барои таъмини мубодилаи пайвастаи маълумоти нав, муқоисапазирии натиҷаҳои мониторинг ва такмили ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин самт таъкид карда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти такмили стандартҳои сифати ҳавои атмосфера, рушди низоми минтақавии мониторинг ва ташаккули равиши ягонаи иттилоотӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳор намуданд.

19.11.2026