Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

ТОҶИКИСТОН ДАР МУҲОКИМАИ ПАНЕЛӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ОБШАВИИ ПИРЯХҲО ВА ТАҚВИЯТИ УСТУВОРИИ ИҚЛИМИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ИШТИРОК НАМУД

16 ноябри соли 2026 дар ҳошияи Конфронси 31-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), дар Павилиони миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, муҳокимаи байналмилалии панелӣ дар мавзӯи «Аз илм то иқдомҳои амалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ: аҳаммияти сармоягузориҳои бар пояи далелҳои илмӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси муштараки Бонки Осиёии Рушд, Маркази минтақавии пиряхшиносии Осиёи Марказӣ ва Вазорати экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ ва муассисаҳои илмии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло намояндагӣ намуд.

Зимни муҳокимаи панелӣ масъалаҳои суръат гирифтани раванди обшавии пиряхҳо ва таъсири он ба амнияти обӣ, кишоварзӣ, энергетика ва низомҳои экологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, нақши таҳқиқоти илмӣ, мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ ва табодули маълумот дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид гардиданд.

17.11.2026