Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия

16 ноябри соли равон дар ҳошияи Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), ки дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия ҷараён дорад, дар Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло оид ба аҳаммияти таърихии ин сана ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ суханронӣ намуданд.

Зимни баромади худ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло таъкид намуданд, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ тамоми саъю талоши худро ба таъмини сулҳу субот, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, муттаҳид сохтани мардуми кишвар ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ равона намуда, дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои муҳими миллӣ нақши таърихӣ гузоштанд. Ташаббусҳои созанда ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист, муқовимат ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ нақши муҳим дошта, мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таҳким мебахшанд.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоишҳои муҳими байналмилалии иқлимӣ рамзи эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ буда, ҳамзамон, саҳми Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии иқлим таҷассум менамояд.

16.11.2026