Санаи 10 ноябри соли ҷорӣ, дар доираи Конфронси 31-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), ки дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор шуда истодааст, вохӯрии дуҷонибаи директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо директори генералии Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Қазгидромет», намояндаи доимии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) Данара Алимбаева баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавиро дар соҳаи обуҳавошиносӣ, инчунин тақвияти ҳамкориҳоро байни хадамоти миллии обуҳавошиносии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар рафти сӯҳбат ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар пешбурди ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба пиряхшиносӣ дар шаҳри Душанбе, табодули маълумот ва иттилооти обуҳавошиносӣ байни хадамоти миллии обуҳавошиносии ду кишвар, мубодилаи таҷриба ва таҷрибаҳои пешқадам дар самти пешгӯии зуҳуроти хатарноки табиӣ ва обуҳавошиносӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо аҳаммияти таҳкими робитаҳои касбӣ, рушди ҳамкориҳои илмию техникӣ ва густариши табодули иттилоотро ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии мониторинг, пешгӯӣ ва огоҳсозӣ аз зуҳуроти хавфноки табиӣ таъкид намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба баланд бардоштани устувории минтақа ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим равона гардидаанд, изҳор намуданд.

12.11.2026