Санаи 5 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия — пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори ҷомеа!» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарият, сардорони раёсатҳо, марказҳо ва шуъбаҳои Агентӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ иштирок намуданд.
Нахуст, муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Пирзода Суннатуллоҳ Мирзомудин бо сухани табрикотӣ баромад намуда, қайд намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар бунёди низоми муосири давлатдорӣ, муайян намудани самтҳои асосии рушди кишвар ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандони кишвар нақши калидӣ дорад. Зикр гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолии давлатӣ ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар ислоҳоти муҳим ва дигаргуниҳои назаррас дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ амалӣ гардида, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди устувори кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Дар идомаи ҳамоиш кормандони Агентӣ оид ба таърихи қабул ва ташаккули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти он дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Зимни суханрониҳо ҳамчунин ба аҳамияти сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обуҳавошиносӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва обӣ, пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Иштирокчиён нақши ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об, пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим муҳим арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки фаъолияти самараноки сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Агентии обуҳавошиносӣ, дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда ва бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои таъмини амнияти аҳолӣ, дастгирии рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамоиши тантанавӣ дар фазои эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва қонунгузории кишвар баргузор гардида, бори дигар аҳамияти Конститутсияро ҳамчун асоси ҳуқуқии рушди давлатдорӣ ва кафили суботу оромии ҷомеа таъкид намуд.





05.11.2026