Забон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ, омили асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ ва василаи пайванди наслҳо дар ҳаёти ҷомеа мақому нақши арзишманд дорад. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги он, ҳамасола 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи забони давлатӣ» таҷлил гардида, ба масъалаҳои ҳифз, гиромидошт ва рушди забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Санаи 5 октябри соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони «Забони давлатӣ — пояи ваҳдат ва худшиносии миллӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло оғоз ёфт. Мавсуф кормандони Агентиро ба муносибати “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрику таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ҳифзи покизагии забон, риояи меъёрҳои адабӣ ва истифодаи дурусти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Ба андешаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди забони давлатӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавии он ва мутобиқ намудани забон ба талаботи илму техникаи муосир вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ кормандони Агентӣ вобаста ба таърихи ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ, ҷойгоҳи он дар фарҳанги миллӣ ва зарурати ҳифзу густариши забони давлатӣ андешаронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар доираи ҷаласа филми ҳуҷҷатӣ бахшида ба корномаҳои таърихӣ, хизматҳои шоиста ва нақши барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар дар тӯли 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд. Филми мазкур дастовардҳои назарраси мамлакатро, ки таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, инъикос намуда, мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласа қарор гирифт.
Боиси зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати забонӣ, таҳкими ҳисси эҳтиром ба забони модарӣ ва тақвияти масъулияти кормандон дар самти истифодаи дурусту шоистаи забони давлатӣ аҳамияти муҳим дошта, барои боз ҳам густариш ёфтани фарҳанги забондонӣ дар муҳити корӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.





05.10.2026