Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Насби стансияи худкори обуҳавосанҷӣ дар ноҳияи Мурғоб

Санаи 20 октябри соли ҷорӣ дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2026, дар фурудгоҳи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб карда шуд.

Насби стансияи мазкур дар самти такмили низоми мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ, баланд бардоштани сифати ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти обуҳавошиносӣ, инчунин тақвияти имкониятҳои техникӣ барои назорати мунтазами вазъи обу ҳаво дар минтақаи кӯҳистони кишвар иқдоми муҳим ба ҳисоб меравад.

Стансияи худкори обуҳавосанҷӣ бо таҷҳизоти муосири ченкунӣ муҷаҳҳаз буда, имкон медиҳад, ки як қатор нишондиҳандаҳои муҳими обуҳавошиносӣ, аз ҷумла ҳарорат ва намнокии ҳаво, фишори атмосферӣ, самт ва суръати шамол, ҳарорати болои сатҳи замин, давомнокии нурпошии офтоб, инчунин миқдори боришот (борон, барф) ба таври худкор ва дар вақти воқеӣ чен карда шаванд.

Маълумоти ҷамъоваришуда ба таври худкор ба Маркази ҷамъоварии маълумоти фаврии Агентии обуҳавошиносӣ интиқол дода мешавад. Ин имкон медиҳад, ки маълумоти зарурӣ сари вақт дастрас гардида, барои таҳлили вазъи обу ҳаво, таҳияи пешгӯиҳо ва арзёбии шароити обуҳавошиносӣ дар минтақа истифода шавад.

Қобили зикр аст, ки истифодаи технологияҳои муосири худкори обуҳавосанҷӣ барои густариши шабакаи мушоҳидаҳо, баланд бардоштани эътимоднокии маълумоти обуҳавошиносӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои соҳа аҳаммияти махсус дорад. Дар шароити мураккаби релефӣ ва иқлимии ноҳияи Мурғоб дастрасӣ ба маълумоти дақиқ ва саривақтии обу ҳаво барои арзёбии вазъи обуҳавошиносӣ, пешгӯии падидаҳои хатарноки обу ҳаво ва таъмини бехатарии фаъолияти соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ муҳим мебошад.

Агентии обуҳавошиносӣ ҷиҳати такмили заминаи моддию техникии соҳа, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рушди шабакаи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, барои баланд бардоштани сифати маълумот ва дақиқии пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ пайваста кӯшиш менамояд.

21.10.2026