Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

ДАР ТОҶИКИСТОН БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗИШИ КРИОСФЕРА ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2026 – 2030 ТАСДИҚ ГАРДИД

Душанбе, 30 октябри соли 2026

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешбурди пайвастаи ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва рушди таҳқиқоти криосфера заминаи миллиро барои татбиқи амалии онҳо тақвият мебахшад. Қадами муҳим дар ин самт тасдиқи Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2026, № 700 гардид.

Тоҷикистон, ки ташаббускори Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025 буда, якҷо бо Фаронса Даҳсолаи амал оид ба таҳқиқоти криосфераро барои солҳои 2025 – 2034 пеш мебарад, ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди таҳқиқот ва таҳкими рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Марҳилаи муҳими ин талошҳо Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва дар натиҷаи он Эъломияи Душанбе ва Даъватномаи Душанбе оид ба амал қабул карда шудаанд.

Барномаи давлатии тасдиқгардида ба рушди таҳқиқоти криосфера, такмили низоми мониторинги пиряхҳо, қабати барф ва яхбандии бисёрсола, таҳкими иқтидори техникию таҳқиқотии кишвар, инчунин баланд бардоштани имкониятҳои арзёбӣ ва пешгӯии хавфҳои иқлимӣ ва табиӣ равона гардидааст.

Самтҳои асосии Барнома рушди шабакаи истгоҳҳои мушоҳидавии баландкӯҳӣ, ҷорӣ намудани низомҳои худкори мониторинг ва технологияҳои муосири зондиронии фосилавии Замин, ташаккули махзани миллии иттилоотӣ, гузаронидани таҳқиқот, инчунин такмили арзёбӣ ва пешгӯии хавфҳои вобаста ба тағйирёбии криосфера, аз ҷумла хатари рахнашавии кӯлҳои пиряхиро дар бар мегиранд.

Ба таҳкими инфрасохтори таҳқиқотӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар доираи Барнома баланд бардоштани ихтисоси беш аз 200 мутахассисони соҳа, гузаронидани таҳқиқот ва экспедитсияҳои муштарак, инчунин мубодилаи маълумоти дақиқ ва таҷрибаи пешқадам пешбинӣ шудааст.

Татбиқи Барнома барои таҳкими низоми миллии омӯзиш ва мониторинги криосфера, рушди иқтидори таҳқиқотии кишвар ва баланд бардоштани самаранокии арзёбӣ ва пешгӯии тағйирёбии пиряхҳо ва хавфҳои вобаста ба онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, он қадами муҳим дар самти татбиқи уҳдадориҳо ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон буда, ба ҳифзи пиряхҳо, тақвияти амнияти обию иқлимӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа мусоидат хоҳад кард.



26.11.2026