Дар доираи Конфронси 31-уми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), мулоқоти дуҷонибаи директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо Дабири кулли Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) профессор Селеста Сауло баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо раванди таъсиси Маркази минтақавии ҳамоҳангсозӣ оид ба пиряхшиносӣ таҳти сарпарастии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин қадамҳои минбаъдаи пешбурди ин ташаббус ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавиро дар самти мониторинги пиряхҳо ва омӯзиши тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои татбиқи лоиҳаи минтақавӣ оид ба хушксолӣ ва имкониятҳои густариши ҳамкориҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии мутахассисони соҳавӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин замина, муҳиммияти семинарҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои техникии аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ баргузоршаванда ҷиҳати таҳкими иқтидори касбӣ ва институтсионалии хадамоти миллии обуҳавошиносӣ таъкид гардид.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо ва рушди фаъолияти муштарак дар самтҳои афзалиятноки обуҳавошиносӣ, пиряхшиносӣ ва баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид намуданд.


16.11.2026