Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

ДАР АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

13 ноябри соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ меҳмонон, аз ҷумла Мӯсоева Рафиқа Ғаниевна— арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тиллоӣ Гулрухсор Асадулло – муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабибзода Зоҳир Иззат - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Пирзода Суннатуллоҳ Мирзомудин оғоз гардида, зимни суханронии худ мавсуф таъкид намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар нақши муҳим дошта, бо ташаббусҳои созанда ва сиёсати хирадмандонаи худ барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз мақоми хосса дошта, барои барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини Ваҳдати миллӣ заминаи муҳим гузошт.

Дар идомаи чорабинӣ Мӯсоева Рафиқа Ғаниевна-иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, Тиллоӣ Гулрухсор Асадулло- муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабибзода Зоҳир Иззат - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд. Ҳамзамон қайд гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санаи муҳими таърихӣ моро ба арҷгузорӣ ба давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва андешидани чораҳои мушаххас барои рушди минбаъдаи мамлакат раҳнамоӣ мекунад.

Дар суханронии Байдуллоева Ҷамила Акбархоновна - корманди шоистаи соҳаи обуҳавошиносӣ таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи обуҳавошиносӣ ва ҳифзи муҳити зист ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар самти таҳкими заминаҳои техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, такмили низоми мониторинги обу ҳаво ва пешгӯии зуҳуроти хавфноки табиӣ қадамҳои муҳим гузошта шудаанд. Ҳамчунин, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамчун саҳми арзандаи кишвар дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ арзёбӣ гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳифзу таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ вазифаи муқаддасу масъулиятноки ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.

Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ, самимӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, бо таъкиди аҳаммияти ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҷамъбаст гардид. 

13.11.2026