Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Тоҷикистон ва ЮНЕСКО ҳамкориҳоро дар соҳаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо тақвият мебахшанд

Санаи 16 ноябри соли 2026 дар ҳошияи Конфронси 31-уми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), вохӯрии дуҷонибаи намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Лариса Когутенко, менеҷери барномаи минтақавии Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар шаҳри Алмато баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар соҳаи пиряхшиносӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2026, №700 «Дар бораи Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои таҳияи пешниҳодҳои нав ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки марҳилаи дуюми лоиҳаи минтақавии ГЭФ–ПРООН–ЮНЕСКО «Тақвияти устувории кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути рушди ҳамкории минтақавӣ дар арзёбии системаҳои пиряхию невалӣ таҳияи усулҳои муттаҳид барои рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»-ро баррасӣ намуда, имкониятҳои густариши таҳқиқоти илмӣ, такмили низоми мониторинги пиряхҳо ва ҷалби иқтидори илмию техникии шарикони байналмилалиро муҳокима намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд, таҳияи ташаббусҳои муштарак ва ҷалби дастгирии байналмилалӣ барои татбиқи самараноки Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ва рушди таҳқиқоти криосфераи Тоҷикистон изҳор намуданд.

17.11.2026