Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ҷалсаи дуюми ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи Харитаи роҳ барои таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон барои солҳои 2024–2027 баргузор гардид

10 июни соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи Харитаи роҳ барои таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон барои солҳои 2024–2027 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва муассисаҳои соҳавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ дар доираи ҳамкориҳои Агентии обуҳавошиносӣ бо Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳо (UNDRR) дар ҳошияи ташаббуси ҷаҳонии «Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама» (Early Warnings for All) ташкил гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён иҷрои чорабиниҳои ҳамаи чор ҷузъи Харитаи роҳ, аз ҷумла рушди мониторинги обуҳавошиносӣ, такмили низомҳои пешгӯӣ ва огоҳсозӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва ҳамкории байниидоравиро баррасӣ намуданд,.

Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи чорабиниҳои Ҷузъи 2 дода шуд, ки масъули он Агентии обуҳавошиносӣ дониста шуда, натиҷаҳои гузориши таҳлилиро оид ба ҳолати иҷрои чорабиниҳоро барои давраи солҳои 2024–2026 пешниҳод намуд.

Тибқи гузориш дар кишвар корҳои густариши шабакаи мушоҳидаҳо, рушди низомҳои муосири мониторинг ва такмили технологияҳои пешгӯии зуҳуроти хатарноки обуҳавошиносӣ идома доранд. Дар руйхати натиҷаҳои бадастомада, ҷорӣ шудани низоми “SMARTMET Alert”, фаъолияти низомҳои огоҳсозии бармаҳали “CAFEWS” ва “CARFFGS”, барқарорсозии дидбонгоҳҳои обсанҷӣ, инчунин густариши ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла СУО, Бонки Осиёии Рушд ва “ECMWF” зикр гардиданд. Дар баробари ин, иштирокчиён зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангии байниидоравӣ, рақамисозии маълумоти обуҳавошиносӣ, ҷорӣ намудани низоми бисёрхатари огоҳсозии бармаҳал (MHEWS), рушди пешгӯии ба таъсир асосёфта (IBF) ва ҷалби дастгирии иловагии техникӣ ва молиявиро таъкид намуданд.

Ҷаласа аҳамияти таҳкими минбаъдаи низоми миллии огоҳсозии бармаҳалро ҳамчун яке аз воситаҳои калидии таъмини рушди устувор, ҳифзи аҳолӣ ва баланд бардоштани устувории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатарҳои иқлимӣ ва табиӣ тасдиқ намуд.


11.06.2026