8 июни соли 2026 Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло дар маросими ифтитоҳи Иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (SB64), ки дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид, иштирок намуданд. Конфронси мазкур то санаи 18 июн идома ёфта, марҳилаи муҳими омодагӣ ба Иҷлосияи 31-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) ба ҳисоб меравад, ки моҳи ноябри соли 2026 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор хоҳад шуд.
Дар ҷараёни маросими ифтитоҳ иштирокчиён зарурати суръат бахшидан ба татбиқи ҳадафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва Созишномаи Парижро дар шароити афзоиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва идома доштани норасоии маблағгузории иқлимӣ таъкид намуданд.
Мавзӯъҳои асосии музокирот масъалаҳои коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, маблағгузории тадбирҳои иқлимӣ, рушди технологияҳо, таҳкими иқтидор ва гузариши одилона ба низоми устувори энергетикиро дар бар гирифтанд.
Иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (SB64) ҳамчун муҳимтарин майдони техникии музокирот арзёбӣ мегардад, ки дар доираи он кишварҳо бояд рушди музокиротро оид ба Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC 3.0), тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва механизмҳои маблағгузории иқлимӣ таъмин намоянд. Натиҷаҳои ин музокирот барои қабули қарорҳои сиёсӣ дар доираи Иҷлосияи 31-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) аҳамияти калидӣ хоҳанд дошт.
Ҳамин тариқ, ифтитоҳи Иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғози марҳилаи муҳими музокироти байналмилалии иқлимиро ифода намуда, заминаи таҳияи ӯҳдадориҳои боз ҳам ҷиддитар ва натиҷаҳои амалии ҷомеаи ҷаҳониро дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим дар доираи Иҷлосияи 31-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) фароҳам месозад.


09.06.2026