Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрӣ бо роҳбарияти Ташаббус оид ба таъмини шаффофияти иқлимӣ (ICAT)

Дар ҳошияи Иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (SB64), дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеративии Олмон, вохӯрии Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо роҳбарияти Ташаббус оид ба таъмини шаффофияти иқлимӣ (ICAT) доктор Хенинг Вустер баргузор гардид. Ташаббуси мазкур бо дастгирии Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим фаъолият менамояд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими шаффофияти сиёсати иқлимӣ, такмили низомҳои мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва санҷиши маълумоти иқлимӣ, инчунин омодасозии ҳисоботҳои миллӣ дар доираи татбиқи Созишномаи Парижро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба рушди иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти арзёбии тадбирҳои иқлимӣ, баланд бардоштани сифати ҳисоботдиҳии иқлимӣ ва истифодаи воситаҳои муосир барои пайгирии пешрафт дар самти татбиқи Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC) равона гардид.

Роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалиро дар самти таъмини шаффофияти иқлимӣ таъкид намуда, омодагии ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои густариши ҳамкорӣ бо ICAT ҷиҳати таҳкими низомҳои миллии мониторинг ва ҳисоботдиҳии иқлимӣ изҳор доштанд.

Дар навбати худ, роҳбарияти Ташаббус оид ба таъмини шаффофияти иқлимӣ (ICAT) омодагии хешро ҷиҳати идомаи дастгирии коршиносӣ ва техникӣ ба кишварҳо дар татбиқи талаботи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият (ETF)-и Созишномаи Париж тасдиқ намуд.

Вохӯрӣ дар фазои созанда ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳисоботдиҳии иқлимӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии иқлимӣ арзёбӣ гардид.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи баргузории Иҷлосияи 31-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), ки моҳи ноябри соли 2026 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор мегардад, лоиҳаи муштаракро таҳия ва барои татбиқ пешниҳод намоянд.


09.06.2026