Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ташрифи намояндагони Хадамоти обуҳавошиносии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Агентии обуҳавошиносӣ

Рӯзҳои 2-3 июни соли равон намояндагони Хадамоти обуҳавошиносии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи сафари корӣ ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар ин раванд вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо муовини директори Хадамоти обуҳавошиносии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин, Чжан Юнган баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои роҳандозии платформаи огоҳии бармаҳал оид ба намудҳои гуногуни зуҳуроти хатарноки табиӣ “MAZU”, бо таваҷҷуҳи махсус ба истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ барои пешгӯии зуҳуроти хокбориш (чангу ғубор), имкониятҳои ҳамкорӣ ҷиҳати ҷорӣ намудан ва истифодаи низоми мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рушди ташаббусҳои муштарак ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар самти мониторинг ва пешгӯии зуҳуроти хатарноки обуҳавошиносӣ (обхезиҳо, селҳо), технологияҳои пешгӯии шароити номусоиди обуҳавошиносӣ (хокбориш, боришоти шиддатнок: борону барф, шамолҳои шиддатнок), хизматрасониҳои фаврии обуҳавошиносӣ ва истифодаи моделҳои пешгӯии рақамӣ таъкид намуданд.


03.06.2026