Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Омӯзиши идоравӣ оид ба мавзӯи “Аҳамияти умумиҷаҳонии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти захираҳои обӣ, иқлим ва пиряхҳо” баргузор гардид


4 июни соли 2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ таҳти унвони «Аҳамияти умумиҷаҳонии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти захираҳои обӣ, иқлим ва пиряхҳо» бо иштироки васеи кормандони Агентӣ баргузор гардид.

Ҳадафи асосии баргузории омӯзиш баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати кормандон оид ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, пиряхҳо ва  нақши онҳо дар ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ буд.

Зимни омӯзиш мутахассисони соҳавии Агентӣ тавассути рӯйнамоҳо доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба эълон гардидани Соли байналмилалии оби тоза – 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005–2015, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018–2028, инчунин Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Иштирокчиён таъкид намуданд, ки ташаббусҳои мазкур дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун иқдомҳои саривақтӣ ва муҳим эътироф гардида, барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таъмини рушди устувор заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Ҳамзамон, нақши калидии ин ташаббусҳо дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим махсус қайд карда шуд.

Муҳокимаҳои судманд ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён нишон доданд, ки чунин чорабиниҳои омӯзишӣ дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, тақвияти маърифати экологӣ ва рушди ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ нақши муҳим доранд.



 

04.06.2026