Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Пиряхи Ванҷях” расман «Пиряхи Тоҷикистон» номгузорӣ гардид

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори №330 аз 3 июни соли 2026-ро «Дар бораи иваз намудани номи “Пиряхи Ванҷях” ба “Пиряхи Тоҷикистон» қабул намуд.

Қарори мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ» қабул гардида, иваз намудани номи яке аз бузургтарин пиряхҳои ҷаҳонро ба «Пиряхи Тоҷикистон» пешбинӣ менамояд.

Ин иқдом аҳамияти махсуси пиряхҳоро ҳамчун сарвати стратегии миллӣ, манбаи муҳими захираҳои обӣ ва ҷузъи муҳими криосфераи кишвар таъкид намуда, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим боз ҳам инъикос менамояд.

Пиряхи Тоҷикистон, ки яке аз бузургтарин пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон ба шумор рафта, дар ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ нақши муҳимро дошта, объекти муҳими таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги криосфера маҳсуб меёбад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир як қатор ташаббусҳои байналмилалиро дар самти ҳифзи пиряхҳо пешбарӣ намудааст, аз ҷумла эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таъсиси Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо (21 март) ва Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ барои солҳои 2025–2034.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи қарори мазкур ва дар арсаи байналмилалӣ муарифӣ намудани ин сарвати бебаҳои кишвар чораҳои заруриро амалӣ менамояд.




12.06.2026