Ахбор
Санаи 21 августи соли ҷорӣ роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томас Кесслер – мутахассиси калони соҳаи молия (суғурта аз офатҳои табиӣ), Самир Исмоилов - мутахассиси соҳаи молия, роҳбари дафтари соҳаи молиявӣ, Дайна Коннолли - мутахассиси маблағгузории хатарҳои офатҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим, устуворӣ ва муҳити зист вохӯрии дуҷонибаро анҷом доданд.
21.08.2025
Санаи 20 августи соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Мизи мудаввар бо иштироки аъзоёни Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба Чаҳорчӯбаҳои васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Париж аз вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид.
20.08.2025
Рӯзҳои 14-15 августи соли 2025 бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Дафтари Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ФАО) ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ, омӯзиш (тренинг) оид ба таҳияи ҳисобот дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва дигар намудҳои истифодаи замин тибқи Дастури ГКБТИ (Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим - соли 2006) бо иштироки намояндагони вазоратҳо, идораҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои марбутаи кишвар баргузор гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи донишҳои техникӣ ва малакаҳои амалии мутахассисони миллӣ дар самти таҳияи ҳисоботҳо оид ба партовҳои газҳои гулхонаӣ (ГГ) дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва дигар намудҳои истифодаи замин мебошад.
15.08.2025
Санаи 13 августи соли 2025 бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Дафтари Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ФАО) ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ омӯзиш (тренинг) оид ба омодасозии ҳисоботдиҳӣ дар бахши равандҳои саноатӣ ва истифодаи маҳсулот тибқи Дастурҳои IPCC (Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим - ГКБТИ) 2006 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ доир гардид.
15.08.2025
Санаи 12 августи соли 2025 бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Дафтари Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ФАО) ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ омӯзиш (тренинг) оид ба омодасозии ҳисоботдиҳӣ дар бахши идоракунии партовҳо тибқи Дастурҳои IPCC (Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим - ГКБТИ) 2006 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои марбутаи ҷумҳурӣ доир гардид.
12.08.2025
Рӯзҳои 2-3 августи соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи экологии "Тозагии маҳал" баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи Эко-ниммарафони кӯҳии “Seven Lakes” сурат гирифт ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи масъулияти шаҳрвандон дар ҳифзи муҳити зист ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим буд.
04.08.2025
Санаи 31 июли соли 2025, дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, семинари омӯзишӣ оид ба тақвияти қобилияти техникӣ дар самти шаффофият дар доираи иқдоми Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КҚ СММ ТИ) баргузор гардид. Семинар бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ доир гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳо дар самти мониторинг, арзёбӣ ва ҳисоботдиҳӣ доир ба чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад.
31.07.2025
Санаи 25 июли соли 2025 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинар оид ба масъалаҳои тақвияти қобилияти техникӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар баргузор гардид. Семинари мазкур бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ФАО) ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ роҳандозӣ гардид.
25.07.2025
Аз 7 то 11 июли соли ҷорӣ, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фонди Оғохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзиширо дар мавзӯи «Батиметрия ва моделсозии кӯлҳои рахнашавандаи кӯҳиро» баргузор намуд.
14.07.2025
Санаи 2 июли соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали соли 2025 бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ баргузор гардид.
02.07.2025