Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии аҳолӣ, санаи 15 августи соли 2026 дар назди шаршараи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе машқи пагоҳирӯзӣ ва терренкур – пиёдагардии саломатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз тарзи ҳаёти солим иштироки фаъолона намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими саломатии ҷомеа, баланд бардоштани фарҳанги ҷисмонӣ ва тарғиби варзиш ҳамчун омили муҳими рушди солим ва устувори ҷомеа мусоидат намуда, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад.




15.08.2026