Ахбор

Санаи 12 августи соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 18 нафар сардорон ва мутахассисони шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷии вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ семинари омӯзишӣ оид ба мавзӯи “Омӯзиш, насб ва кор бо системаҳои “Персона-Мис” ва “Персона Мип” оғоз гардид.
13.08.2024

08 августи соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 30 июли соли 2024 ҳангоми мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар иброз дошта буданд ҷиҳати татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот, роҳандозии ҳамкориҳои олимон бо соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати олимон ва Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд.
08.08.2024

Рӯзҳои 30-31 июли соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ ва ширкатҳои машваратии "CIVITTA", "AICO", бо дастгирии молиявии Фонди иқлими сабз семинар дар мавзӯи "Арзёбии осебпазирии шаш бахши афзалиятнок ва таҳияи нақшаҳои мутобиқсозии соҳавӣ"-ро дар ноҳияи Рашти НТҶ баргузор намуданд.
01.08.2024

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар шаҳри Душанбе баён доштанд, кормандони Агентии обуҳавошиносӣ пайваста рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани атрофи бинои Агентӣ саҳмгузорӣ менамоянд.
26.07.2024

17-18 июли Соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкатҳои машваратӣ (CIVITTA) ва (CAICO) бо дастгирии молиявии фондӣ иқлими САБЗИ Созмони Миллали Муттаҳид семинари "Арзебии осебпазирии шаш бахши афзалиятнок ва таҳияи нақшаҳои мутобиқсозии соҳавӣ" - ро дар Шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор намуд.
19.07.2024

Санаи 17-уми июли соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоҳир Иззат Конференсияи илмӣ назариявӣ таҳти унвони “Нақши қонунҳои миллӣ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум” дар доираи таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
19.07.2024

11-12 июли Соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд (CIVITTA) ва (CAICO) бо дастгирии молиявии фонди иқлими сабзи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид семинар дар мавзӯи "Арзёбии осебпазирии шаш бахши афзалиятнок ва таҳияи нақшаҳои мутобиқсозии соҳавӣ" - ро дар Шаҳри Ҳисор баргузор намуд.
16.07.2024

Рӯзи 5 июли соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти кишоварзӣ ва озуқавории назди СММ (ФАО) семинар дар мавзӯи "Таҳкими иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи Барномаи васеи чаҳорчӯбаи шаффофият дар доираи созишномаи Париж"-ро тибқи ташаббуси Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим доир намуданд, ки дар рафти он намояндагони муассисаҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, инчунин муассисаҳои ба тағйиребии иқлим алоқаманд иштирок доштанд.
10.07.2024

Санаи 3 июли соли 2024 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли 2024 ҷаласаи натиҷагири аз фаъолияти обуҳавошиноси баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон иштирок доштанд.
03.07.2024

Санаи 26 июни соли 2024 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” бо иштироки роҳбарият ва доираи васеъи воҳидҳои сохтории Агентӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ Байдуллоева Ҷ.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аҳли нишастро бо ҷашни миллӣ табрик намуда, қайд намуданд, ки Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории Тоҷикистони азизамон гузоштааст.
26.06.2024