Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Боздиди иштирокчиёни Фестивали дуюми ҷаҳонии “Наврӯзи ҷавонон” аз Агентии обуҳавошиносӣ

Санаи 23 марти соли 2026 дар доираи баргузории Фестивали дуюми ҷаҳонии “Наврӯзи ҷавонон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҷавонони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Сараввал меҳмонон аз фаъолияти Стансияи обуҳавосанҷии шаҳри Душанбе, Маркази пешгӯии обуҳавосанҷӣ, Санҷишгоҳи сайёри мушоҳидаи ҳавои атмосферӣ, нақлиёти махсуси корҳои тадқиқотӣ-экспедитсионӣ, таҷҳизот ва сарилибоси махсус барои мушоҳидаи пиряхҳо, захираи барф ва кӯлҳои пиряхӣ, расму нигораҳои табиати нотакрори Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо раванди кори ҳаррӯзаи мутахассисони соҳа, истифодаи технологияҳои муосир, усулҳои таҳлил ва ҷамъоварии маълумоти обуҳавошиносӣ аз наздик шинос гардида, доир ба нақши муҳими онҳо дар таъмини амнияти экологӣ ва рушди устувор маълумоти муфассал гирифтанд.

Сипас дар доираи барномаи Фестивали дуюми ҷаҳонии “Наврӯзи ҷавонон” Мизи мудаввар дар мавзӯи “Тағйирёбии иқлим ва фаъолияти ҷавонон: пешбурди амалиёти минтақавӣ дар кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай” бо иштироки васеъи меҳмонон ва кормандони Агентӣ баргузор гардид.

Бояд зикр намуд, ки ин фестивали мазкур аз анъанаҳои Наврӯз илҳом гирифта, рамзи навсозӣ, ҳамбастагӣ ва сулҳи байни миллатҳо ба шумор меравад. Ҳадафи асосии он муттаҳид сохтани ҷавонони ҷаҳон дар асоси арзишҳои умумӣ - сулҳ, дӯстӣ, гуногунии фарҳангӣ ва рушди устувор мебошад. Чорабинӣ барои густариши муколамаи фарҳангӣ, табодули афкор ва тақвияти ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷавонони кишварҳои гуногун замина фароҳам оварда, барои пешниҳоди ташаббусҳои ҷавонон фазои мусоид муҳайё месозад. Ин ташаббусҳо ба ҳалли мушкилоти муҳими ҷаҳони муосир, аз ҷумла мубориза бо тағйирёбии иқлим, тавассути фаъолияти ҷамъиятӣ, иштироки фаъол дар таҳияи сиёсат ва рушди ҳамкории минтақавӣ равона гардидаанд.


23.03.2026