Рӯзҳои 7 - 8 апрели соли 2026 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Форуми технологӣ дар доираи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндаи Агентии обуҳавошиносӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Мавзӯъҳои асосии баррасишуда ба ҷорӣ намудани технологияҳои ба иқлим мутобиқшуда равона шуда, роҳҳои коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он дар кишварҳои узви Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ муҳокима шуданд.
Дар доираи чорабинӣ инчунин масъалаҳои ташаккули шарикии бисёрҷониба байни ҳукуматҳо, навоварии технологӣ, бахши хусусӣ ва шарикии рушд, тақвияти мубодилаи минтақавии дониш ва таҷрибаи пешқадам, ҳамзамон таҳкими иқтидори институтсионалӣ баррасӣ гардид.
Дар фарҷом, қайд гардид, ки рушди технологияҳои рақамӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа буда, барои таъмини амнияти экологӣ ва ҳифзи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ аҳамияти муҳим дорад.



08.04.2026