Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Семинари машваратӣ оид ба махсусиятҳои Озмоишгоҳи таъмири таҷҳизоти электронӣ

18 сентябри соли 2026 бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ» семинари машваратӣ оид ба махсусиятҳои Озмоишгоҳи таъмири таҷҳизоти электронӣ баргузор гардид.

Семинари машваратиро муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Абдулллозода У.С. ифтитоҳ намуда, иброз намуданд, ки Лоиҳаи «Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ» имконият фароҳам меорад, ки дар сатҳи дониш ва малакаи мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ ва иқтидорҳои он дигаргунӣ ва пешравиҳои назаррас ба вуҷуд ояд, ки ин дар маҷмӯъ барои беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ ва мониторинги пиряхҳо заминаи мусоид мегузорад.

Зимни чорабинӣ мутахассисони соҳавӣ тариқи рӯнамо оид ба натиҷаҳои татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ» баромад намуда, инчунин оиди Фонди Ҷопон барои рушд ва устувории Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором, ки лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои он амалӣ шуда, тавассути Бонки Осиёгии Рушд идора карда мешаванд, маълумот пешниҳод гардид.

Дар ҷараёни семинари машваратӣ фаъолияти Озмоишгоҳи таъмири таҷҳизоти электронӣ, ки дар доираи лоиҳа дар Агентии обуҳавошиносӣ таъсис дода шудааст, имкониятҳои техникӣ ва нақши он дар таъмини дақиқии мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ муаррифӣ гардид.

Дар идомаи семинар иштирокчиён аз фаъолияти озмоишгоҳ, таҷҳизот ва имкониятҳои техникии он шинос гардиданд. Ҳамзамон, ҷиҳати такмили фаъолияти минбаъдаи озмоишгоҳ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои техникӣ таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки фаъолияти чунин озмоишгоҳҳо дар таъмини эътимоднокии маълумоти обуҳавошиносӣ ва таҳкими иқтидори техникии низоми обуҳавошиносии кишвар аҳамияти муҳим доранд.

18.09.2026