Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии кишвар аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ

Рӯзҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои мустақил ва хориҷи кишвар масъалаи раддабандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ бозтоб гардида, мавриди баҳс қарор дода шуда истодааст.

Тибқи маълумоти пажуҳишгоҳи «IQAir»-и Швейтсария, ки ба омӯзиши ҳамарӯзаи сифати ҳаво дар ҷаҳон машғул аст, дар соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ бо нишондиҳандаи 57,3 мкг/м³ дар ҷаҳон дар ҷойи 3-юм нишон додааст.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нашри раддабандии байналмилалӣ оид ба ифлосшавии ҳавои атмосферӣ зарур мешуморад, ки чунин баҳогузориҳо ба шарҳи мутавозин, аз лиҳози илмӣ асоснок ва касбӣ арзёбӣ шавад. Раддабандии мазкур дар асоси консентратсияи миёнаи солонаи заррачаҳои хурди дисперсион андозаашон 2,5Мкр (PM2.5) таҳия гардида, ҳамаи омилҳои таъсиррасон ба сифати ҳавои атмосфериро дар қаламрави кишвар пурра инъикос намекунад.

Боиси зикр аст, ки дар чунин шароити раддабандӣ нишондиҳандаҳои кишвар аз маълумоти шумораи ками нуқтаҳои ченкунӣ гирифта шудаанд, махсусан аз нуқтаҳое, ки дар минтақаҳои таъсири партовҳои шаҳрӣ ва интиқоли чангу ғубор насб гардидаанд. Ин маънои онро дорад, ки баровардани хулосаҳои фарогир барои тамоми кишвар танҳо дар асоси маълумоти нисбатан ками нуқтаҳои сифати ҳаво аз нигоҳи методологӣ пурра дуруст нест.

Бояд ба назар гирифт, ки ҷойгиршавии кишварҳо дар раддабандии байналмилалӣ на танҳо аз вазъи воқеии экологӣ, балки аз пуррагӣ, зичӣ ва шабакаи мушоҳидавии сифати ҳаво низ вобаста мебошад. Дар ҳолати маҳдуд будани шумораи нуқтаҳои мониторинг, нишондиҳандаи ниҳоӣ метавонад ба маълумоти истгоҳҳои алоҳида ё нуқтаҳои шаҳрӣ вобастагӣ дошта бошад ва дар ин ҳолат наметавон тамоми қаламрави давлатро пурра инъикос намуд.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ мониторинги сифати ҳавои атмосфериро роҳандозӣ менамояд. Аз моҳи ноябри соли 2016 дар Агентӣ стансияи худкори мониторинги сифати ҳаво фаъолият менамояд, ки дар ҳамкорӣ бо Институти метеорологии Финляндия сохта шудааст. Стансияи мазкур назорати шабонарӯзии таркиби атмосфераи шаҳри Душанберо таъмин намуда, дар он консентратсияи газҳои асосии ифлоскунанда (оксидҳои карбон, нитроген ва сулфур), инчунин заррачаҳои муаллақ (PM₁₀, PM₂.₅, PM₁) ва параметрҳои метеорологӣ (самт ва суръати шамол, ҳарорат, намнокӣ ва фишор) чен карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки сарчашмаи маълумоти раддабандишуда ғайрирасмӣ буда, он ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ комилан мутобиқат намекунад. Аз ҷумла, дар иттилоъ омадааст, ки соли 2025 дар таркиби ҳавои шаҳри Душанбе консентратсияи PM2.5 бо нишондоди 57,3 (мкг/м3) ба қайд гирифта шудааст, ки аз меъёри пешниҳоднамудаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (5мкг/м3) 11,5 маротиба зиёд мебошад.

Айни замон дар Агентии обуҳавошиносӣ аз рӯи меъёрҳои пешниҳоднамудаи давлатҳои ИДМ, ки дар кишвар қабул гардидааст, маълумот коркард мешавад. Тибқи пешниҳоди ин меъёрҳо қимати миёнаи рӯзона ва моҳонаи зарачаҳои 2,5мкр 35 мкг/м3 қабул гардидааст, ки он танҳо аз меъёр 1,17 маротиба зиёд мебошад.

Боиси зикр аст, ки бо пешниҳоди маълумоти миқдори ками стансияҳои сифати ҳаво, ки танҳо дар шаҳри Душанбе мавҷуд мебошад, баҳогзории тамоми ҷумҳурӣ ба ҳақиқат мувофиқат наменамояд. Барои баҳогузории пурраи сифати ҳаво дар асоси дастурамалҳо меъёрҳои муосир, шароити ҷуғрофӣ ва ҳудуди фарогири мушоҳидавӣ бояд ба инобат гирифт шаванд.

Ҳамин тавр, мавқеи Агентӣ чунин аст: раддабандии «IQAir»-ро наметавон нодида гирифт, аммо онро ҳамчун арзёбии комилан пурраи сифати ҳаво дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қабул кардан дуруст нест. Раддабандии мазкур мавҷудияти мушкилоти ҷиддиро бо заррачаҳои андозаашон 2,5Мкр (PM2.5) нишон медиҳад, аммо барои хулосаҳои дақиқ зарур аст, ки мониторинги васеъ, инчунин муқоисаи маълумоти байналмилалӣ бо мушоҳидаҳои миллӣ ва таҳлили манбаъҳои ифлосшавӣ анҷом дода шавад. Маҳз чунин равиш метавонад воқеъбинона, касбӣ ва мутобиқ ба манфиатҳои кишвар бошад.

Бояд қайд намуд, ки раддабандии байналмилалӣ бояд ҳамчун маводи таҳлилии роҳнамо истифода шуда, бо маълумоти миллии мониторинг, шароити обуҳавошиносӣ ва манбаъҳои ифлосшавӣ муқоиса гардад. Танҳо таҳлили дақиқ вазъи воқеии ҳаворо дар ҷумҳурӣ пурра нишон медиҳад.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳидаҳои мунтазами ҳолати ҳавои атмосферӣ, таҳлили омилҳои ифлосшавӣ ва такмили низоми мониторингро идома медиҳад, то баҳодиҳии пурра ва боэътимоди сифати ҳаво дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шавад.

 

04.04.2026