Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ҷаласаи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият (ETF) баргузор гардид

Рӯзҳои 7–10 апрели соли 2026 бо ибтикори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ ҷаласаҳои Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият баргузор гардиданд.

Дар кори ҷаласаҳо мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ фаъолона иштирок намуданд. Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагӣ барои татбиқи талаботи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият ва такмили низоми ҳисоботдиҳии миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим арзёбӣ гардид.

Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён оид ба ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи Париж, инчунин талаботи байналмилалӣ вобаста ба шаффофият ва пешниҳоди ҳисоботҳои миллии иқлимӣ маълумоти муфассал гирифтанд. Ҳамзамон масъалаҳои таҳкими иқтидори институтсионалӣ, такмили ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти соҳавӣ, инчунин ҳамоҳангсозии равандҳои таҳияи гузоришҳои миллӣ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, дар ҷаласаҳо мавзӯъҳои муҳим, аз қабили «Методологияи таҳияи маблағгузории иқлимӣ», «Таҳияи гузоришҳои миллии иқлимӣ», «Коҳишдиҳӣ (митигатсия) ва мутобиқшавӣ ҳамчун ҷанбаҳои асосии Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC)», «Гендер ҳамчун омили устувории иқлимӣ: таҳлили соҳавӣ ва нуқтаҳои воридшавӣ», «Талаботи низоми Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият ба ҳисоботдиҳии миллӣ: ҷанбаҳои амалии омода ва пешниҳод намудани маълумот дар доираи Ҳисоботи дусолаи шаффофият (BTR)» ва дигар масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим мавриди баррасии васеъ қарор гирифтанд.

Иштирокчиён инчунин атрофи масъалаҳои такмили механизмҳои ҷамъоварии маълумоти соҳавӣ, таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, ворид намудани ҷанбаҳои гендерӣ ба сиёсати иқлимӣ ва беҳтар намудани сифати ҳисоботдиҳии миллӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои зич, такмили заминаи методологӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои таҳияи ҳисоботҳои миллии иқлимӣ изҳор намуданд.


10.04.2026