Санаи 7 апрели соли ҷорӣ дар бинои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории директори Агентӣ Қурбонзода А.Ҳ. бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд, аз ҷумла бо Ҷианфэн Чжан, директори бахши кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, захираҳои табиӣ ва рушди минтақаҳои деҳоти бонк баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии татбиқи ташаббусҳои амалкунанда, аз ҷумла лоиҳаи “Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ”-ро баррасӣ намуда, ҳамчунин ба масъалаҳои омодасозии лоиҳаи нав дар самти хизматрасонии обуҳавошиносӣ ва коҳиш додани хавфҳои зуҳуроти табиӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд. Самтҳои калидии ҳамкорӣ рушди иқтидори техникӣ, навсозии инфрасохтор ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо арзёбӣ гардиданд.
Ҳамчунин ба мувофиқаи пешакии параметрҳои техникӣ ва молиявии лоиҳаи самаранок, инчунин таҳияи равишҳо барои коркарди минбаъдаи он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид. Иштирокчиён доир ба нақшаҳои афзалиятнок табодули назар карда, механизмҳои эҳтимолии ҳамкориро баррасӣ намуда, ҳавасманд будани тарафҳоро ҷиҳати таҳкими шарикии дуҷониба тасдиқ намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории зич ва ҳамоҳангсозии амалҳоро ҷиҳати татбиқи самараноки ташаббусҳои пешбинишуда, таъмини натиҷаҳои устувор дар соҳаи обуҳавошиносӣ, баланд бардоштани самаранокии низоми огоҳии бармаҳал ва идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ идома медиҳанд.




08.04.2026