Ахбор

24 октябр дар шаҳри Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии “БРИКС+” ва “БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар” иштирок ва суханронӣ намуданд.
25.10.2024

Рӯзҳои 8 то 10 октябри соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо барномаи Рушди СММ, ширкатҳои машваратии "CIVITTA" ва "CAICO" ва бо дастгирии молиявии фонди Иқлими Сабз семинар оид ба мавзӯи "Арзёбии осебпазирии шаш бахши афзалиятнок ва таҳияи нақшаҳои мутобиқсозии соҳавӣ" оид ба бахшҳои асосӣ: энергетика, захираҳои обӣ, кишоварзӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуданд.
11.10.2024

Санаи 4 октябри соли 2024 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи соли 2024 бо иштироки сардорони воҳидҳои сохторӣ ва зерсохторҳои Агентии обуҳавошиносӣ баргузор гардид.
04.10.2024

Санаи 3 октябри соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва тамоми воҳидҳои сохтории Агентӣ иштирок доштанд.
03.10.2024

Дар идомаи ҷонибдориҳо вобаста ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологиии инсоният, рӯзҳои 23-26 сентябри соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Филиали Агентии Ого Хон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Институти географияи Академияи илмҳои Руссия дар қисмати забонаи пиярхи Ванҷях (Федченко) корҳои тадқиқотӣ-экспедитсионӣ ва дар қисмати болоии он мушоҳидаҳои аэровизуалиро амалӣ намуданд.
27.09.2024

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селесте Сауло мулоқот намуданд.
25.09.2024

Санаи 23 сентябри соли ҷорӣ дар толори Агентии обуҳавошиносӣ вохӯрӣ байни Роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентӣ бо намояндагони Созмони Байналмиллалии Муҳоҷират (IOM) – Кок Саския, Айеер Роҳит ва Сойадип Банерҷӣ, донори барнома Жасмин Штолтсфус баргузор гардид.
25.09.2024

Санаи 19 сентябри соли 2024 дар толори Агентии обуҳавошиносӣ вохӯри роҳбарияти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
20.09.2024

Санаи 11 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, дар доираи нақша-чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат-омили ваҳдату ҳамбастагии башарият” баргузор гардид, ки дар рафти он мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
12.09.2024

Ҳамасола ҷаласаҳои Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳар як кишвари аъзо доир мегарданд ва имсол мизбони чорабинии мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Санаи 11 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 35-уми Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он ҳайатҳои Хадамотҳои обуҳавошиносии ИДМ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, инчунин Раисони Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ВАО иштирок доштанд.
12.09.2024