Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Иштироки роҳбарияти Агентии обуҳавшиносӣ дар ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи “Системаи минтақавии пешгӯии селҳои ногаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ (CARFFGS)”

Санаи 24 апрели соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи “Системаи минтақавии пешгӯии селҳои ногаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ (CARFFGS)” баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур Роҳбарони Хадамоти обуҳавошиносии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Туркменистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (СУО) ва дигар шарикони байналмилалӣ иштирок намуданд.

 Ҳадафи асосии ҷаласа аз таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, мубодилаи таҷриба ва такмил додани фаъолияти “Системаи минтақавии пешгӯии селҳои ногаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ (CARFFGS)” арзёбӣ гардид.

Дар доираи ҷаласа, Директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо маърӯза баромад намуда, оид ба аҳамияти системаи “CARFFGS” дар пешгӯии селҳои ногаҳонӣ, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истифодаи системаҳои огоҳии бармаҳал, зарурати тақвияти имкониятҳои техникӣ ва кадрӣ, аҳамияти ҳамкории байниидоравӣ, махсусан бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, зарурати васеъ намудани истифодаи технологияҳои муосир дар фаъолияти амалӣ таъкид намуданд. Ҳамзамон бо сабабҳои техникӣ баъзан ҳолатҳо истифода нагардидани системаи мазкур, ки ба паст шудани сифати пешгӯиҳо таъсири манфӣ мерасонад, махсусан таъкид гардид.

Иштирок дар ҷаласа имконият фароҳам овард, ки таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар самти пешгӯии селҳои ногаҳонӣ, истифодаи системаҳои муосири иттилоотию таҳлилӣ ва идоракунии хавфҳо омӯхта шуда, барои татбиқ дар фаъолияти амалии Агентии обуҳавошиносӣ заминаи мусоид фароҳам гардад. 

27.04.2026