Ахбор
Баҳисобгирии газҳои гулхонаӣ (ГГ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷузъи муҳими сиёсати экологӣ ва рушди устувори кишвар мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари рушдёбанда, ки иқтисодиёташ асосан ба кишоварзӣ, гидроэнергетика ва саноати сабук равон гадидааст, саҳми нисбатан ками ҷаҳониро дар партовҳои газҳои гулхонаӣ дорад.
04.02.2025
Рӯзҳои 26 то 30 январи соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба насб ва мутобиқсозии системаи нави огоҳкунии зуҳуроти хатарноки обу ҳаво "Smartmet Alert" баргузор гардид.
30.01.2025
Санаи 23 январи соли 2025 дар шаҳри Женева мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) хонум Татяна Молчан баргузор гардид.
24.01.2025
Дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
22.01.2025
21 январи соли 2025 дар Қароргоҳи Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария Ифтитоҳи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии #Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок ва суханронӣ намуданд.
22.01.2025
Санаи 20 январи соли 2025 дар Қароргоҳи Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ хонум Селесте Сауло вохӯрӣ анҷом намуданд.
21.01.2025
Санаи 17 январи соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба шарҳи муҳтавои Пайёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» бо иштироки роҳбарият, коллективи меҳнатии Агентӣ ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои ш.Душанбе Саидова Умеда баргузор гардид.
17.01.2025
Рӯзҳои 13 то 17 январи соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бозомӯзӣ ва баланд бардоштани савияи донишҳои назариявӣ ва амалии мутахассисони соҳавии стансияҳои обуҳавосанҷии Кӯлоб, Дарбанд, Ҳамадонӣ, Санглох ва Ёвон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
17.01.2025
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №407 бахшида ба қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ оид ба "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва омодагиҳо ба баргузории "Конференсияи байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо" як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ намуда истодааст.
17.01.2025
Санаи 3 январи соли 2024 ҷаласаи васеи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А. иштирок доштанд.
13.01.2025