Рӯзҳои 18–21 ноябри соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ омӯзиш (тренинг)-и миллӣ оид ба мавзӯъҳои ӯҳдадориҳои ҷумҳурӣ дар доираи Созишномаи Париж, Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда (ССММ/NDC), барӯйхатгири (инвентаризатсия)-и газҳои гулхонаӣ, Системаи шаффофият (ETF/MVR), Ҳисоботи дусолаи шаффофият (BTR) ва ҳисоботи миллӣ тибқи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлимро бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор намуд.
Дар рафти омӯзиш мавзӯъҳои «Созишномаи Париж ва бозори фурӯши ҳиссаи партови газҳои гулхонаӣ», «Платформаи MRV ҳамчун абзори воридшавӣ ба бозори фурӯши ҳиссаи партови газҳои гулхонаӣ», «Пойгоҳи маълумоти кадастри миллии партови газҳои гулхонаӣ», “Нақшаи маблағгузории Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда (ССММ)”, “Харитаи роҳ барои ССММ 3.0” ва дигар масъалаҳои тағйирёбии иқлим баррасӣ гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки баргузории чорабинии мазкур сатҳи дониш ва фаҳмиши иштирокчиёнро оид ба ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Созишномаи Париж, аз ҷумла равандҳои омодасозӣ ва пешниҳоди Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда, Ҳисоботҳои дусолаи шаффофият ва Гузоришҳои миллӣ ба Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим тақвият мебахашад.





12.12.2025