Рӯзҳои 11–12 ноябри соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи миллии роҳбарикунанда оид ба баррасӣ ва тасдиқи Ҳисоботи дусолаи шаффофият (BTR) бо иштироки намояндагонаи вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносӣ дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ ташкил гардид.
Дар рафти ҷаласаи дурӯза масъалаҳои баррасӣ ва мувофиқаи лоиҳаи дуввуми Ҳисоботи дусолаи шаффофият бо назардошти бахшҳои ҳисоботии барӯйхатгирӣ (инвентаризатсия)-и партовҳои газҳои гулхонаӣ, дастовардҳо дар татбиқи Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда, чораҳои мутобиқшавӣ ва эҳтиёҷот ба дастгирӣ баррасӣ гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки баргузории чорабинии мазкур ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои шаффофият, нақшаҳо ва масъулияти сохторҳои дахлдор дар ҷараёни таҳия ва навсозии маълумот барои Ҳисоботи дусолаи шаффофият ва давраҳои минбаъдаи ҳисоботдиҳиро тақвият мебахшад.






12.11.2025