Санаи 15 ноябри соли 2025 дар ҳошияи Конфронси 30-юми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КС-30), ки дар шаҳри Белени Бразилия баргузор гардида истодааст, чорабинии канорӣ таҳти унвони «Аз ваъдаҳо то ба пешрафт: Осиёи Марказӣ иқдомҳои иқлимиро тавассути Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда 3.0 (ССММ 3.0), коҳиши метан ва ташаббусҳои минтақавӣ тақвият медиҳад» баргузор гардид, ки дар рафти он мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Чорабинӣ аз ҷониби Маркази минтақавии муҳити зисти Осиёи Марказӣ (РЭЦЦА) ва Вазорати захираҳои табиӣ, экология ва назорати техникии Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил гардид.
Иштирокчиён қадамҳои амалии кишварҳои Осиёи Марказиро дар самти гузариш аз уҳдадориҳои сиёсӣ ба иҷрои самараноки онҳо мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, масъалаҳои тасдиқи Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда (ССММ 3.0), тақвияти тадбирҳо оид ба коҳиши ихроҷи гази метан, баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва таҳкими Низоми миллии мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва санҷиш (MRV) муҳокима шуданд. Ҳамчунин омодагии кишварҳои минтақа ба иҷрои талаботи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият (ETF) баррасӣ гардид.
Назирзода Камолиддин, муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ, бо маърӯза дар бораи пиряхҳо ва криосфера ҳамчун пояи ояндаи устувори минтақа баромад намуда, иқдомҳои миллии Тоҷикистонро дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Дар ҷараёни суханронӣ нақши нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки дар Осиёи Марказӣ бузургтарин захираҳои пиряхиро дорост ва амнияти обии тамоми минтақаро таъмин мекунад, махсус таъкид гардид. Ҳамчунин ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Даҳсолаи амал барои рушди илмҳои криосферӣ (2025–2034), ки аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ эълон шудаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Чорабинии сатҳи баланд ба як минбари муҳими муколамаи минтақавӣ, мубодилаи таҷриба ва ҳамоҳангсозии қадамҳои минбаъда дар иҷрои уҳдадориҳои иқлимии кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфт. Иштирокчиён омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар самти шаффофият, коҳиши партовҳои метан ва тақвияти иқтидорҳои илмӣ-технологӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тасдиқ намуданд. Хулосаҳои муҳокимаҳо омодагии кишварҳои минтақаро барои ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар равандҳои минбаъдаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин пешбурди муштараки татбиқи Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда (ССММ 3.0) ва дигар ташаббусҳои калидии иқлимӣ таъкид намуданд.








12.12.2025