Ахбор
Санаи 17 ноябри соли 2022 дар анҷоми кори Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Шарм-ул-Шейхи Ҷумҳурии Мисри Араб, ҳангоми пӯшидашавии Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода А.Ҳ. суханронӣ намуданд.
24.04.2023
Санаи 19 ноябри соли 2022 дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мувофиқи нақша-чорабиниҳои илмӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040” ва дар ҳошияи Конфронси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) дар шаҳри Шарм-ул-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср аз ҷониби мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон таҳти мавзӯи “Пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим” дар факултети геология Донишгҳи миллии Тоҷикистон барои устодон ва донишҷӯёни ихтисосҳои амалкунандаи кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
24.04.2023
Санаи 15 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он Муовини аввали Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З., роҳбарони тамоми воҳидҳои сохтории Кумита ва Агентии обуҳавошиносӣ, намояндагони Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон, инчунин намояндагони ВАО иштирок доштанд.
24.04.2023
Санаи 14 ноябри соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (СУО) дар ҳошияи Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP-27) дар шаҳри Шарм-ул-Шейхи Ҷумҳурии Миср чорабинии канориро дар мавзӯи «Харитаи роҳ барои Соли 2025 - ҳамчун соли байналмилалии хифзи пиряхҳо» баргузор намуданд.
24.04.2023
Таърихи 12 ноябри соли ҷорӣ Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо котиби Панели байниҳукуматӣ (CTNC) муҳтарам Раҷив Гард вохӯрии дуҷонибаро анҷом доданд.
24.04.2023
Санаи 9 ноябри соли 2022 дар ҳошияи Конфрониси 27-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо Котиби Генералии Созмони Умумиҷаҳониии Обуҳавошиносӣ (СУО) профессор Петтери Таалас
24.04.2023
Дар доираи Конфронси 27- уми тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Шарм ул Шейхи Ҷумҳурии Мисри Араб вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. ва директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода А.Ҳ. бо директори минтақавии давлатҳои Шарқи наздик, Африқои Шимолӣ ва Аврупоии Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ хонум Дина Салеҳ дар павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
24.04.2023
Санаи 5 октябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба муносибати “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, воҳидҳои сохтории Агентӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
24.04.2023